Ӯктами Холиқназар нависанда ва забоншиноси шинохта даргузашт

Ӯктами Холиқназар, нависанда, тарҷумон ва донишманди пуровозаи риштаи забон, имрӯз дар синни 80-солагӣ аз олам даргузашт.  Гуфта мешавад маросими ҷанозаи ӯ фардо дар Душанбе баргузор мешавад. Ӯктами Холиқназар яке аз равшанфикрони фаъоли охири солҳои 80-уми ва оғози солҳои 90-ум буд, ки нақши барозанде дар талошҳо барои мақоми давлати гирифтани забони тоҷикӣ дошт. Ин донишманди фақид […]

Asia-Plus

Ӯктами Холиқназар, нависанда, тарҷумон ва донишманди пуровозаи риштаи забон, имрӯз дар синни 80-солагӣ аз олам даргузашт. 

Гуфта мешавад маросими ҷанозаи ӯ фардо дар Душанбе баргузор мешавад.

Ӯктами Холиқназар яке аз равшанфикрони фаъоли охири солҳои 80-уми ва оғози солҳои 90-ум буд, ки нақши барозанде дар талошҳо барои мақоми давлати гирифтани забони тоҷикӣ дошт. Ин донишманди фақид узви садорати созмони маъруфи "Растохез" буд. Ӯ дар оғози солҳои 2000 китоби маъруфи худ "Ғалат менависем"-ро нашр кард, ки ҳангомаҳое дар матбуоти он замон ба вуҷуд овард. 

Баъдан Ӯктами Холиқназар дар матбуот ба чигунагии забони бархе осори илмиву адабӣ пардохт ва сари чанд вақт мақолаҳое ба нашр мерасонд. 

Ӯктами Холиқназар дар баробари ин нависандаи чирадаст ва тарҷумони бархе аз осори адибони маъруфи дунё буд. Ӯ китоби "Мартин Иден"-и нависандаи маъруфи амрикоӣ Ҷек Лондонро ба тоҷикӣ тарҷум карда буд, ки яке аз тарҷумаҳои муваффақи адабӣ эътироф шуда буд. "Рӯзноманигори озод" ҳам яке аз китобҳои дигари ин нависандаи маъруф буд.

Ӯктами Холиқназар бо мавзуеъгириҳои бисёр қотеъи худ ҳам дар муҳити адабӣ ва фарҳангии Тоҷикистон маъруф буд. Аз ҷумла ӯ соли 2005 бо навиштани як мақолаи дусаҳфаӣ дар нашрияи "Миллат" гуфт аз узвияти Иттиҳодияи Нависандагони Тоҷикистон берун меравад.

Ӯктами Холиқназар моҳи октябри соли гузашта ба сини 80 расида буд.

Раҳбарӣ ва аҳли эҷоди гуруҳи расонаҳои "Азия-Плюс" аз марги ин донишманди варзида ва нависандаи маъруф андӯҳгин буда, ба пайвандону наздиконашон дар ин мусибати азим сабру шикебойӣ мехоҳанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.