spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Дар интихоботи президентии Афғонистон Ашраф Ғанӣ ғолиб эълон шуд

Комиссияи мустақили интихоботи Афғонистон натиҷаҳои ибтидоии интихоботи президентии ин кишварро эълон кард.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Ҳаво Олам Нуристонӣ, раиси кумисюн рӯзи 22-юми декабр дар Кобул гуфт, ки раиси ҷумҳур Ашраф Ғании ҳафтодсола бо беш аз 50 дарсади раъйи интихобкунандаҳо пирӯз шудааст.

Доктор Абдулло Абдулло, рақиби деринаи Ашраф Ғанӣ ва раиси ҳукумати иҷроия, бо тақрибан 40 дарсади раъй дар ҷойи дувум аст. Гулбиддин Ҳикматёр ва Раҳматуллоҳ Набил, номзадҳои дигари интихоботи президентӣ дар Афғонистон дар ҷойгоҳи севуму чаҳорум қарор доранд.

Ситоди интихоботии доктор Абдулло натиҷаҳои аввали интихоботро "тақаллубӣ" хонд ва гуфт, ки ин натиҷаро намепазирад ва хостори расидагӣ ба тақозоҳои қонуниаш аст.

Дафтари Созмони Милали Муттаҳид ва сафорати Амрико дар Афғонистон аз эълони натиҷаҳои ибтидоии интихоботи раёсати ҷумҳурии ин кишвар истиқбол карданд. Аммо Ҷон Бас, сафири Амрико дар Афғонистон дар "Твиттер" навишт, "бояд барои мардум возеҳ бошад, ки ин натиҷаҳои аввал аст ва то эълони натоиҷи ниҳоӣ корҳои зиёд мондааст."

Мақомоти Афғонистон мегӯянд, номзадҳо 48 соат доранд, ки шикоятҳои худро дар Кумисюни шикояти интихоботӣ сабт кунанд. Қарор аст, натиҷаҳои ниҳоии интихоботи раёсати ҷумҳури Афғонистон баъди расидагӣ ба шикоятҳо эълон шавад.

Интихоботи президентии Афғонистон рӯзи 28-уми сентябри имсол баргузор шуд ва эълони натиҷаҳои аввали он то кунун ду бор ба таъхир афтодааст. Иддаоҳо дар бораи қонуншиканӣ ҳангоми раъйдиҳӣ, мушкилоти фаннӣ дар ҷамъоварии баргаҳои раъй ва гирифтани иттилоъ аз системаи электронии биометрии раъйдиҳандагон монеи эълони саривақтии натиҷаҳои интихобот шуда буд.

Дар интихоботи Афғонистон 15 номзад рақобат карданд, вале номзадҳои асосӣ Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури феълӣ ва Абдулло Абдулло, раиси иҷроияи ҳукумати Афғонистон буданд.

Соли 2014 баъди моҷаро бар сари натиҷаҳои интихоботии раёсати ҷумҳурии Афғонистон, номзадҳо ба ин мақом Ашраф Ғанӣ ва Абдулло Абдулло бо миёнҷигарии Амрико ҳукуматро тақсим карданд. Ашраф Ғанӣ раиси ҷумҳур ва Абдулло Абдулло раиси ҳукумати иҷроия шуд.

Ашраф Ғанӣ намояндаи қавми паштун аст, ки дар Ғарб таҳсил кардааст ва вазири молияи Афғонистон ҳам буд.

Абдулло Абдулло табиби чашм буд ва яке аз аъзои баландпояи Ҷабҳаи Шимол, гуруҳи мухолифи Толибон бештар дар байни тоҷикони Афғонистон обрӯ ва тарафдори зиёд дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...