Чор мошин шоҳҷоиза ва сад ҳазор сомонӣ: кӯштии 2-рӯзаи наврӯзии Душанбе

Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Душанбе мусобиқаи ҷумҳурявии кӯштии миллии ҷоми "Пойтахт -2021" баргузор мешавад, ки барои ғолибон 4 автомошина ва 100 ҳазор сомонӣ мукофоти пулӣ  ҷоиза тақдим мешавад. Гуфта мешавад ҷоизаҳоро шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ барои паҳлавонон ихтисос додааст.  Абдулло Саидхоҷаев, котиби генералии Федратсияи миллии “гӯштингирӣ” ба "Азия-Плюс" мегӯяд, ин мусобиқаи калони кӯштии миллӣ рӯзҳои […]

Мавзуна Абдуллоева, Asia-Plus

Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Душанбе мусобиқаи ҷумҳурявии кӯштии миллии ҷоми "Пойтахт -2021" баргузор мешавад, ки барои ғолибон 4 автомошина ва 100 ҳазор сомонӣ мукофоти пулӣ  ҷоиза тақдим мешавад. Гуфта мешавад ҷоизаҳоро шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ барои паҳлавонон ихтисос додааст. 

Абдулло Саидхоҷаев, котиби генералии Федратсияи миллии “гӯштингирӣ” ба "Азия-Плюс" мегӯяд, ин мусобиқаи калони кӯштии миллӣ рӯзҳои 20-21 март дар “Наврӯзгоҳ”-и шаҳри Душанбе баргузор мегаданд, ки дар он Рустами Эмомалӣ раиси шаҳри Душанбе ширкат мекунад.

Ин масъули кӯштии ҷоми "Пойтахт-2021" мегӯяд, ки ҷаҳор мошини шоҳҷоизаи сабқат "Тойота-Авалон", "Тайота Камри Солариа"  ва 2 "Хюундай"-и модели нав хоҳанд буд, ки ҳар кадоме бо қиммати аз 10 то 20 ҳазор доллар харида шудаанд. Ба ҷуз шоҳҷоизаҳо барои ғолибони ҳар давр дар ҳар вазн мукофоти пулӣ аз 200 сомонӣ то 10 000 сомони дода мешавад.

Сабқати имсола тибқи қоидаҳои нави кӯштии миллӣ, ки аз сӯйи Федератсияи ин навъи варзиш Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш қабул шудааст, сурат мегирад. Паҳлавонон дар  вазнҳо -65кг, -75 кг,  -90 кг,  ва +90 ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.

Дар ин сабқат ширкати дастаҳои мунтахаби ВМКБ, ду даста аз вилояти Хатлон, дастаи вилояти Суғд, дастаи минтақаи Рашт, ду даста аз шаҳри Душанбе ва дастаи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар назар аст. 

Ба гуфти Абдулло Саидхоҷаев, худи Рустами Эмомалӣ ба ҳар як дастаи варзишгарон 8 либосӣ ягонаи кӯштии миллӣ, ки ба тозагӣ таҳия шудаанд, тақдим мекунад. Ғайр аз паҳлавонон, боз ба меҳмонони фахрии ҳозир дар чорабинӣ, ки  20 нафарро ташкил медиҳанд, ҳамчунин либоси гкӯштии миллӣ тақдим карда мешавад.

Дар Тоҷикистон ҳамсола бо оғози ҷашнгириҳо аз Наврӯз дар тамоми шаҳру ноҳияҳои сабқатҳои варзишӣ, аз ҷумла мусобиқоти кӯштии миллӣ бо ҳузури паҳлавонони саршиноси Тоҷикистон ва Ӯзбекистон баргузор мешавад, ки дар ин сабқатҳо ҷоизаҳои гаронарзиш, аз ҷумла автомашинаҳо гузошта мешаванд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.