Наврӯзи Душанбе бо борону раъду барқу жола меояд

Бино ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, охири ҳафта дар ҷумҳурӣ боришот дар назар аст. Аз ҷумла рӯзҳои 20-21 март дар Душанбе ҳавои абрнок ва боридани борон, баъзан пуршиддат бо раъду барқ ва жола пешбинӣ мешавад. Ҳарорат ин рӯзҳо 18-20 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои тобеи марказ низ ҳамин гуна обуҳаво дар назар буда, лекин дар […]

Asia-Plus

Бино ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, охири ҳафта дар ҷумҳурӣ боришот дар назар аст.

Аз ҷумла рӯзҳои 20-21 март дар Душанбе ҳавои абрнок ва боридани борон, баъзан пуршиддат бо раъду барқ ва жола пешбинӣ мешавад. Ҳарорат ин рӯзҳо 18-20 дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои тобеи марказ низ ҳамин гуна обуҳаво дар назар буда, лекин дар баъзе ноҳияҳо дар баландии зиёда аз 2000 метр боридани барфу борон аз эҳтимол дур нест.

Рӯзҳои идонаи истироҳат обуҳавошиносон дар вилояти Суғд боридани борон, баъзан пуршиддат ва гармии 15-20 дараҷаи ҳаворо пешгӯйӣ мекунанд.

Ин рӯзҳо дар ВМКБ ҳаво каме сардтар мешавад. Рӯзи 21 март дар Хоруғ ҳавои абрноку боридани борон ва шабона барф пешбинӣ мешавад. Ҳарорат рӯзона 7-9 дараҷа гарм мешавад. Дар ғарби ВМК борон (шабона барф) борида, ҳарорат 4-9 дараҷа гарм ва дар баъзе ноҳияҳои ҷудогонаи шарқи вилоят каме барф борида, ҳарорат рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад.

Дар Хатлон ҳарорат 19-24 дараҷа гарм шуда, дар он ҷо ҳам тибқи пешгӯйиҳо, борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқу жола дар назар аст.

Дар ҳамин ҳол, шабонарӯзи наздик дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии НТҶ ва ғарби ВМКБ боридани борон (шабона боришот, борон, барф) дар баъзе ноҳияҳо бошиддат дар назар аст.

Дар давраи рӯзҳои 17-19 март дар ноҳияҳои кӯҳии ҷумҳурӣ фаромадани тарма пешгӯӣ шуда, дар водиҳо ва доманакӯҳҳои вилоятҳои Хатлон, Суғд ва НТҶ фаромадани сел аз эҳтимол дур нест.

Рӯзҳои 18-19 март дар ноҳияҳои алоҳидаи вилояти Суғд вазиши шамол аз самти ғарб бо суръати то 20-25м/с, дар баъзе ҳолатҳо шиддатнок – то 25-30м/с пешгӯйӣ мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.