Мавсими гармидиҳӣ дар Душанбе шояд дертар ба охир расад

Мавсими гармидиҳӣ дар пойтахти Тоҷикистон аввали моҳи апрел ба итмом мерасад, лекин санаи дақиқи он ба шароити обуҳаво вобаста аст. Тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, аввали моҳи апрел обуҳаво дар пойтахт каме сардтар меояд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Корхонаи шабакаҳои гармидиҳии Душанбе. Ба иттилои манбаъ, шаҳрдории Душанбе дар ин хусус ҳоло қарори дахлдор қабул […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Мавсими гармидиҳӣ дар пойтахти Тоҷикистон аввали моҳи апрел ба итмом мерасад, лекин санаи дақиқи он ба шароити обуҳаво вобаста аст. Тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, аввали моҳи апрел обуҳаво дар пойтахт каме сардтар меояд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Корхонаи шабакаҳои гармидиҳии Душанбе.

Ба иттилои манбаъ, шаҳрдории Душанбе дар ин хусус ҳоло қарори дахлдор қабул накардааст. Аз ин рӯ, Корхонаи шабакаҳои гармидиҳии Душанбе ва 2 Маркази барқу гармидиҳӣ (МБГ)-и шаҳр бо реҷаи муқаррарӣ кор мекунанд.

“Ба мисли солҳои пешин қатъи гармидиҳӣ давра ба давра ва мутобиқи қарори мақомоти иҷроияи ҳокимияти пойтахт сурат мегирад”, – таъкид дошт манбаъ.

Мавсими гаримдиҳӣ дар Душанбе маъмулан то охири моҳи март давом мекунад. Тирамоҳи соли гузашта бар асари барвақт омадани сардиҳо гармидиҳӣ ба иншоот аз давраи маъмулӣ пештар – аввали даҳаи охири моҳи октябр оғоз гардида буд.

Ёдрас мекунем, ки гармӣ ба иншооти пойтахт аз ду Маркази барқу гармидиҳӣ интиқол меёбад. Зиёда аз 2 ҳазор биноҳои истиқоматӣ ва дигар иншоот бо гармӣ таъмин карда мешаванд.

Арзиши гармидиҳӣ ба аҳолӣ барои 1 метри мураббаъ бо назардошти ААИ 1,18 сомонӣ, ба ташкилотҳои буҷетӣ – 98,67 сомонӣ барои 1 Гккал гармӣ ( бе назардошти ААИ), ба дигар истеъмолгарон – 113,47 сомонӣ барои 1 Гккал гармӣ (бе назардошти ААИ)-ро ташкил медиҳад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.