Сарҳанги атласпӯш: ВКД либоси миллии занонаи кормандони милисаро рӯнамоӣ кард

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон либоси нави занонаи кормандони милисаро муаррифӣ кардааст, ки бархе аз либосҳо аз матои миллии атлас омода шудаанд. ВКД бо нашри чанд акс дар торнамояш навиштааст, ки ин либосҳо "либоси идонаи низомӣ ва саҳрои миллии занонаи корманди милитсия" мебошад.  ВКД мегӯяд, ки либоси идонаи  низомӣ ва саҳроии миллии занони корманди милиса аз […]

Asia-Plus

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон либоси нави занонаи кормандони милисаро муаррифӣ кардааст, ки бархе аз либосҳо аз матои миллии атлас омода шудаанд.

ВКД бо нашри чанд акс дар торнамояш навиштааст, ки ин либосҳо "либоси идонаи низомӣ ва саҳрои миллии занонаи корманди милитсия" мебошад. 

ВКД мегӯяд, ки либоси идонаи  низомӣ ва саҳроии миллии занони корманди милиса аз матои атласу адрас дӯхта шудаанд. 

Як манбаи «Азия-Плюс» аз бахши низомии Ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, ки мувофиқи қоидаҳои мавҷуда намунаҳои либоси кормандони мақомоти қудратӣ ва ворид кардани тағйирот ба онҳоро бояд, шахсан худи Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ мекунад. 

«Агар намунаҳои нави либоси кормандони зани милиса аз сӯйи президент тасдиқ шавад, баъдан истеҳсоли онҳо ба роҳ монда мешавад», – таъкид кард манбаъ.

Гуфта мешавад ин либосҳоро тарроҳони вилояти Суғд тарҳрезӣ кардаанд ва дар сафари ахири раисҷумҳур ба вилояти Суғд, ҳангоми боз кардани Маркази омӯзишии ВКД дар шаҳри Гулистон, 7 апрел муаррифӣ карда шудаанд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.