Телевизиони “Илм ва табиат” корашро оғоз кард

Шабакаи нави телевизионии Тоҷикистон "Илм ва табиат" соати 11.30 имрӯз, 14-уми апрел корашро оғоз кард. Маросими расмии оғози кори ин шабака бо ҳузури муовини сарвазири Тоҷикистон Матлубахон Сатторӣ, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ, раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон Нуриддин Саид ва дигар намояндаҳои сохторҳои давлативу фарҳангиёну донишмандон сурат гирифт. Дар ин бора ба […]

Asia-Plus

Шабакаи нави телевизионии Тоҷикистон "Илм ва табиат" соати 11.30 имрӯз, 14-уми апрел корашро оғоз кард. Маросими расмии оғози кори ин шабака бо ҳузури муовини сарвазири Тоҷикистон Матлубахон Сатторӣ, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ, раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон Нуриддин Саид ва дигар намояндаҳои сохторҳои давлативу фарҳангиёну донишмандон сурат гирифт.

Дар ин бора ба "Азия-Плюс" Зинатулло Исмоилзода, мудири ин шабакаи тозатаъин хабар дод.

Ба гуфтаи Исмоилзода др ҳоли ҳозир ин шабака 18 соат нашарот дошта, қарор аст дар давоми сол он ба 24 соат расонида шавад.

Исмоилзода гуфт, ки тамоми барномаҳо ва филмҳое, ки дар ин шабака дубляж ва нашр мешаванд ҳама ба забони тоҷикӣ мебошанд. "Ҳадаф аз таъсис ва роҳандозии шабака тарғиби дастовардҳои илм, ҷалби таваҷҷуҳи насли нави Тоҷикистон ба илм ва ҳамагонӣ кардани тафаккур ва ҷаҳонбинии илмӣ мебошад",-гуфт мудири шабака. 

Барномаҳои "Арса" дар мавриди навгониҳои илмии ҷаҳонӣ, "Арши илм" дар бораи нобиғаи илм, "Сайри Кайҳон" дар мавриди кайҳон ва нуҷум, "Чор унсур", "Дар оғӯши табиат" ва "Дили санг" барномаҳое ҳастанд, ки таҳия ва дар ин шабака нашр мешаванд. 

Шабакаи телевизионии “Илм ва табиат” нуҳумин шабакаи телевизионии давлатии сартосарӣ дар Тоҷикистон аст. То кунун дар Тоҷикистон шабакаи телевизионии хусусии сартосарӣ вуҷуд надорад ва талошҳои таъсиси ин гуна шабака ҳамеша ба нокомӣ анҷомидааст. 

Раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон Нуриддин Саид дар нишасти хабарии тобистони соли 2020 гуфта буд, ки ният доранд шабакаи дигари телевизиониеро бо номи "Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" низ таъсис бидиҳанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.