Барканории Латофат Назирӣ муовини вазири маориф ва ба ҷойи ӯ омадани як мудири мактаб

Латофат Назирӣ муовини вазири маориф ва илми Тоҷикистон аз мақомаш барканор шудааст. Дар ин бора ба "Азия-Плюс" як манбаи огоҳ аз Вазорати маориф хабар дод. Ба гуфти ин манба ҳамин ҳоло дар ин ниҳод муаррифи муовини тозатаъини вазири маориф бо ширкати муовини сарвазир Матлубахон Сатториён ҷараён дорад, ки мудири мактаби шумораи 34 шаҳри Душанбе Ғанизода […]

Asia-Plus

Латофат Назирӣ муовини вазири маориф ва илми Тоҷикистон аз мақомаш барканор шудааст. Дар ин бора ба "Азия-Плюс" як манбаи огоҳ аз Вазорати маориф хабар дод.

Ба гуфти ин манба ҳамин ҳоло дар ин ниҳод муаррифи муовини тозатаъини вазири маориф бо ширкати муовини сарвазир Матлубахон Сатториён ҷараён дорад, ки мудири мактаби шумораи 34 шаҳри Душанбе Ғанизода Гулчеҳра Самӣ ба ҷойи Назирӣ омадааст.

Дар ҳамин ҳол далелҳои барканории Латофат Назириро манбаъ нагуфт. 

Манбаҳои расмӣ то кунун дар бораи далелҳои барканории Назирӣ ва таъини Ғанизода чизе нагуфтаанд.

Латофат Назирии 58-сола номзади илмҳои педагогӣ аст ва дар шаҳри Ваҳдат таваллуд шудааст. Риштаи таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст ва корро ба унвони муаллими таъриху ҷамъиятшиносии мактаби рақами 22-и шаҳри Ваҳдат оғоз кардааст. Аз соли 1994 устоди ДМТ ба унвони устод ва муовини декани факултаи таърих оғоз кардааст. 

Солҳои 2005-2008 – ба сифати мушовири калон, ҳамоҳангсози Ҳаракати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, 2008 срмутахассиси Раёсати мактабҳои олӣ ва баъдидипломии Вазорати  маориф, 2008-2012 – Муовини ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар умури тарбия, солҳои 2012-2016 – ректори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф ва аз 11 январи соли 2016 то имрӯз муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.