Котибони Шӯрои амнияти Тоҷикистону Русия дурнамои ҳамкориҳоро баррасӣ карданд

Котибони Шӯрои амнияти Русия ва Тоҷикистон Николай Патрушев ва Насрулло Маҳмудзода 28 апрел дар Душанбе нақшаи ҳамкории кишварҳоро дар бахши таъмини амният дар давраи солҳои 2021-2022 баррасӣ карданд. Зимни мулоқот ба тақвияти ҳамкории мутақобила дар мубориза бо ташкилотҳои байнулмилалии террористӣ ва ифротгаро ва беҳбуди самаранокии ҳамкорӣ дар самти муқовимат бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар таваҷҷуҳ […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Котибони Шӯрои амнияти Русия ва Тоҷикистон Николай Патрушев ва Насрулло Маҳмудзода 28 апрел дар Душанбе нақшаи ҳамкории кишварҳоро дар бахши таъмини амният дар давраи солҳои 2021-2022 баррасӣ карданд.

Зимни мулоқот ба тақвияти ҳамкории мутақобила дар мубориза бо ташкилотҳои байнулмилалии террористӣ ва ифротгаро ва беҳбуди самаранокии ҳамкорӣ дар самти муқовимат бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар таваҷҷуҳ зоҳир шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Шӯрои амнияти Русия.

Имрӯз, 29 апрел дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи котибони Шӯрои амнияти кишварҳои узви СААД доир мегардад.

Иштирокчиёни ҷаласа масоили таъмини амнияти ҳарбӣ, муқовимат ба таҳдиду чолишҳо ва тадбирҳои пешгириву рафъи онҳоро баррасӣ мекунанд.

Дар ҷаласа инчунин доир ба нақшаи муҷаҳҳазгардонии Неруҳои дастаҷамъонаи вокуниши фаврӣ, омодагии муштараки неру ва воситаҳои низоми амнияти дастаҷамъӣ ва Нақшаи машваратҳо оид ба масоили сиёсати хориҷӣ, мудофиа ва амният дар давраи нимсолаи дуюми соли 2021 – нимсолаи аввали соли 2022 табодули назар сурат мегирад.

Ҳамчунин Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии имзои Шартнома дар бораи амнияти дастаҷамъӣ ва 20-солагии таъсисёбии СААД баррасӣ хоҳад шуд.

Ҷаласаи котибони Шӯрои амнияти кишварҳои узви СААД таҳти раёсати Тоҷикистон баргузор мешавад.

Роҳбарони ҳайатҳои Русия, Арманистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Беларус ва Тоҷикистонро имрӯз президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур мепазирад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 79

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Рашид Олимов: “Азия-Плюс” садои замон ва солномаи Тоҷикистони мустақил аст

Дабири кулли пешини СҲШ расонаи моро ба 30 солагиаш табрик кард.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 1 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Меҳрубон Назарову Гурминҷ Завқибеков ва Марям Исоева то даргузашти Бозор Собир ва Рӯзи меҳнаткашон

Муҳимтарин нукоти сафари Ҳаҷ – 2026. Арабистони Саудӣ чӣ маҳдудиятҳо гузошт ва зоирони тоҷик чиҳоро бояд донанд?

Барои ғайриқонунӣ ба Ҳаҷ рафтан то 26 500 доллар ҷарима ва ё ҳатто 6 моҳ ҳабс пешбинӣ шудааст.

Нигаронии Давлаталӣ Саид аз тақсими замин дар Хатлон

Раиси вилоят гуфтааст, ки ин вазъ ба некӯаҳволии сокинон “таъсири манфӣ мерасонад”.

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар куҷо зиндагӣ мекунанд?

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳамагӣ 9 нафар собиқадорони ҶБВ боқӣ мондаанд.