Китоби “Тоҷикон дар оинаи таърих” дар Ӯзбекистон рӯнамоӣ шуд

Бо ибтикори собиқ сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Содиқ Имомӣ ва дастгирии Вазорати корҳои хориҷии ин кишвар 3 май дар бинои Донишгоҳи иқтисодиёти ҷаҳон ва дипломатия муаррифии китоби Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон “Тоҷикон дар оинаи таърих”, ки ба забони ӯзбекӣ тарҷума ва нашр шудааст, доир гардид. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар чорабинии мазкур […]

Asia-Plus

Бо ибтикори собиқ сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Содиқ Имомӣ ва дастгирии Вазорати корҳои хориҷии ин кишвар 3 май дар бинои Донишгоҳи иқтисодиёти ҷаҳон ва дипломатия муаррифии китоби Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон “Тоҷикон дар оинаи таърих”, ки ба забони ӯзбекӣ тарҷума ва нашр шудааст, доир гардид.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар чорабинии мазкур муовини вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон, сафирони кишварҳои хориҷӣ, директори Пажӯҳишгоҳи байналмилалии Осиёи Марказӣ, ректори Донишгоҳи иқтисодиёти ҷаҳон ва дипломатия, мудирони кафедраҳои Донишгоҳи миллӣ, Донишгоҳи давлатии забонҳои Ӯзбекистон, муовини сармуҳаррири рӯзномаи “Овози тоҷик” ва дигарон ширкат варзиданд.

Гуфта мешавад, дар чорабинӣ иштирокдорон атрофи китоби мазкур, ки дар бораи таърих ва фарҳанги халқи тоҷик, нақши он дар минтақаи Осиёи Марказӣ ҳикоя мекунад, ибрози андеша карданд. Зимнан таваҷҷуҳи махсус ба дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек ва нақши роҳбарони ду кишвар дар рушди ҳамкориҳои дуҷониба зоҳир шуд.

Қобили зикр аст, ки китоби “Тоҷикон дар оинаи таърих” қаблан дар Алмато, Қоҳира ва Пекин рӯнамоӣ шуда буд. Соли 2016 дар шаҳри Ҳисор ба ифтихори ин китоб муҷассама гузошта шуд, ки ба шакли як китоби кушода буда, дарозиаш 4 метр ва паҳноиаш 6 метрро ташкил медиҳад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Вокуниши Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба зарари доруи “Албендазол”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки гуфта мешавад, баъди истеъмоли доруи кирм вазъи саломатии чанд мактабхон бад шудааст.

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.