Дастгирии Tcell аз дави хайриявии «Ҳафткӯл» барои кӯмак ба кӯдакони гирифтори аутизм

Дар масири қад-қади кӯлҳои зебои Марғузор Нахустин мусобиқаи дави кӯҳии хайриявии «Ҳафткӯл», ки аз ҷониби созмони ҷамъиятии «Ирода» ташкил карда шуда буд, баргузор гардид. Оператори пешсаф ва навовари кишвар– Tcell шарики чорабинии варзишӣ гардид. Дарозии ин масир беш аз 20 километрро дар бар мегирад ва он дар дараи зебоманзар, қад-қади ҳафт кӯли Марғузор дар баландии […]

Иттилоияи расмӣ

Дар масири қад-қади кӯлҳои зебои Марғузор Нахустин мусобиқаи дави кӯҳии хайриявии «Ҳафткӯл», ки аз ҷониби созмони ҷамъиятии «Ирода» ташкил карда шуда буд, баргузор гардид. Оператори пешсаф ва навовари кишвар Tcell шарики чорабинии варзишӣ гардид.

Дарозии ин масир беш аз 20 километрро дар бар мегирад ва он дар дараи зебоманзар, қад-қади ҳафт кӯли Марғузор дар баландии беш аз 1000 метр сурат гирифт. Дар пойга 24 даванда ва дӯстдорони сайёҳат дар кӯҳҳо аз 10 кишвар ширкат карданд. Tcell барои онҳое, ки нахустин шуда ба марра расиданд, тӯҳфаҳои технологӣ тақдим кард.   

Дави мазкур дар доираи чорабиниҳои солона, ки ба баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ дар бораи аутизм равона карда шудааст, баргузор гашт: тибқи шартҳои маърака, тамоми маблағҳои ҷамъоваришуда ба созмони ҷамъиятии “Ирода”, ки ба рушди ҷомеаи фарогир барои кӯдакони дорои аутизм машғул аст, тақдим карда шуданд.

Илова бар ҳадафи асосӣ- дастгирии кӯдакон, ин чорабинӣ мақсадҳои дигар низ дошт: тарғиби тарзи ҳаёти солим, таблиғи туризм, дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ – соҳибони меҳмонхонаҳои хурд, ки дар пайи мушкилоти соли 2020-2021 (таъсири пандемия) зарар диданд, равона гардида буд.   

Масире, ки дар он варзишгарон рақобат карданд, қад-қади Ҳафткӯл ҷойгир шудааст. Ин минтақа ҷойи ниҳоят зебовау хушбоду ҳаво буда, дар бораи он ривоятҳои зиёди мардумӣ мавҷуд аст. Ҳатто бе омодагии варзишӣ ва тайёрии ҷисмонӣ ҳар касе қодир аст ба ин ҷо биояд ва аз зебоиҳои мавзеъ лаззат барад.

Далели дигари диққатҷалбкунанда будани ин масир он аст, ки тақрибан дар тамоми арзу тӯли масир (маршрут)-и кӯҳӣ алоқаи боэътимод аз оператори пешсаф- Tcell  таъмин буда, ҷолибияти ин макони сайёҳиро боз ҳам афзоиш медиҳад!

Ширкати Тсеll тавассути пуштибонӣ аз чунин тарҳҳои варзишӣ ва хайриявӣ талош меварзад, ки дар тавсеаи ҷомеаи Тоҷикистон саҳм гузорад.

Мубтакири дав СҶ "Ирода", шарики кулл – Tcell, шарикон – СҒҲ "САР" (Central Asia partnership), бошгоҳи дӯстдорони дав "TJK runclub" ва "Сиёма" мебошанд.

___________________

Tcell –бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED – Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст.

Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Муҳимтарин нукоти сафари Ҳаҷ – 2026. Арабистони Саудӣ чӣ маҳдудиятҳо гузошт ва зоирони тоҷик чиҳоро бояд донанд?

Барои ғайриқонунӣ ба Ҳаҷ рафтан то 26 500 доллар ҷарима ва ё ҳатто 6 моҳ ҳабс пешбинӣ шудааст.

Нигаронии Давлаталӣ Саид аз тақсими замин дар Хатлон

Раиси вилоят гуфтааст, ки ин вазъ ба некӯаҳволии сокинон “таъсири манфӣ мерасонад”.

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар куҷо зиндагӣ мекунанд?

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳамагӣ 9 нафар собиқадорони ҶБВ боқӣ мондаанд.

Дар Тоҷикистон иди Қурбон кай таҷлил мешавад?

Муфтии кишвар рӯзи эҳтимолии онро гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 78

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Чанд рӯзи оянда дар Тоҷикистон селу хокбориш пешбинӣ мешавад

Аз шаҳрвандон даъват мешавад, ки аз чораҳои эҳтиётӣ кор гиранд.

Маъмултарин ҳолатҳои риоя нашудани қонунгузории меҳнат дар Тоҷикистон кадомҳоянд?

Соли 2025 бар асари риоя нашудани қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар корҳо 18 нафар ҳалок ва 22 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.