Расман: 13-уми май Иди Фитр дар Тоҷикистон

Шӯрои уламои Тоҷикистон панҷшабеи 13-уми майро рӯзи Иди Фитр эълон кард. Ба гуфтаи ин ниҳод вақти намози Ид соати 06.00-и субҳ дар тамоми Тоҷикистон  фаро мерасад ва намози Ид дар ин вақт хонда мешавад. Ин ниҳод гуфтааст, ки "шахсоне, ки молашон ба нисоб расидааст, метавонанд закоти худро дар баробари фақирону ниёзмандон ба хонаводаи шаҳидоне, ки […]

Asia-Plus

Шӯрои уламои Тоҷикистон панҷшабеи 13-уми майро рӯзи Иди Фитр эълон кард. Ба гуфтаи ин ниҳод вақти намози Ид соати 06.00-и субҳ дар тамоми Тоҷикистон  фаро мерасад ва намози Ид дар ин вақт хонда мешавад.

Ин ниҳод гуфтааст, ки "шахсоне, ки молашон ба нисоб расидааст, метавонанд закоти худро дар баробари фақирону ниёзмандон ба хонаводаи шаҳидоне, ки дар роҳи муҳофизати марзу буми Ватан қурбон шудаанду оилаҳои онҳо бесаробон мондааст, бидиҳанд".

Афшин Муқим, сухангӯи Кумитаи дин ба «Азия-Плюс» гуфт, ки пештар Шӯрои уламо ҳаҷми садақи фитр ё  фитри рӯзаро рӯза 6 сомонӣ муайян кардааст, ки меъёри камтарин мебошад. 
Ҳамзамон оқои Муҳим гуфт, ки ҳар нафаре мехоҳад ба хонаводаи шаҳидоне, ки дар роҳи муҳофизати Ватан қурбон шудан, шахсан ё тариқи фондҳои хайриявӣ закот ё фитри рӯзаро бифиристанд. Аз ҷумла суратҳисобе, ки барои кӯмак ба ин хнаводаҳо аз ҷониби ташаббускорони гуруҳи фейсбукии «Афкор барои ахбор» боз шудааст, бифиристанд. 

Бояд гуфт, ки намози Иди Рамазони имсол баъди ҳамагирии вируси куруно намози нахустин аст. Соли гузашта масҷидҳои Тоҷикистонро ба далели пешгирӣ аз сироятёбӣ аз 18-уми апрел баста баста буданд. Шӯрои уламои Тоҷикистон ва Стоди ҷумҳурявӣ ба хотири пешгирии паҳншавии коронавирус баргузории намозҳои панҷвақтаву ҷумъа, намози таровеҳро дар моҳи Рамазон дар масҷидҳо манъ карда буданд.. Намозҳои Иди Рамазон ва Иди Қурбон низ соли гузашта иҷоза нашуд.

Соли гузашта танҳо ба намози ҷаноза ва он ҳам бо иштироки шумораи маҳдуди одамони иҷоза буду халос.

Ҳамчунин соли гузашта мақомоти масъули давлат, оростани дастархони идона ва гаштугузор ё идгардакро дар рӯзҳои идҳои мусалмонӣ низ иҷоза надода буд. 

Аммо имсол дар қарори Шӯрои уламо дар бораи идгардак ва оростани дастурхон чизе гуфта намешавад. Аммо моҳи августи соли 2017 ба қонун дар бораи “Танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Тоҷикистон” тағйироту иловаҳо ворид шуд. Ин тағйирот мусалмононро ба оростонаи дастархони идонаи хоксорона ва роҳ надодан ба исрофкорӣ дар айёми ид муваззаф мекунад.

Тибқи анъанаҳои мардумӣ дар идҳои мусулмонии Рамазону Қурбон дар Тоҷикистон кӯдакон аз субҳ ба хонаҳои хешовандону ҳамсояҳо барои табрики ид омада, аз соҳибхонаҳо туҳфа мегиранд. Хотиррасон мекунем, ки идораҳои динии Тоҷикистон бори нахуст соли 2017 вақти Иди Рамазон мухолифи исрофкорӣ ва идгардак изҳори назар карданд.
Он замон Шӯрои уламо изҳор дошт, ки расми идгардак дар ҳадисҳои динӣ зикр нашуда, гузашта аз ин, барои кӯдакон хатарнок ҳам ҳаст: онҳо ба ҷойҳои ношинос мераванд, аз роҳҳои мошингард мегузаранду дар хонаҳои баландошёна равуо мекунанд.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.