Дубора баста шудани масҷидҳо. Ҳеҷ гуна намози ҷамоат намешавад

Шӯрои уламои Тоҷикистон шурӯъ аз 18-уми апрел гузоридани намозҳои ҷамоат – панҷвақта, ҷумъа ва таровеҳро дар масҷидҳои кишвар ва ҷамоатхонаҳо то беҳбуд ёфтани вазъият манъ кард. Дар ин бора қарори Раёсати Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон қабул шуд, ки дар зер манзуратон мегардонем: “Вобаста ба вазъияти бавуҷудомада доир ба  паҳншавии бемории сироятии коруно тибқи таҷрибаи […]

Asia-Plus

Шӯрои уламои Тоҷикистон шурӯъ аз 18-уми апрел гузоридани намозҳои ҷамоат – панҷвақта, ҷумъа ва таровеҳро дар масҷидҳои кишвар ва ҷамоатхонаҳо то беҳбуд ёфтани вазъият манъ кард.

Дар ин бора қарори Раёсати Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон қабул шуд, ки дар зер манзуратон мегардонем:

“Вобаста ба вазъияти бавуҷудомада доир ба  паҳншавии бемории сироятии коруно тибқи таҷрибаи кишварҳои исломӣ, аз ҷумла Арабистони Саудӣ, Ҷумҳурии Туркия, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Исломии Покистон, ки намозгузориро дар масҷидҳо манъ кардаанд, зарурати муваққатан қатъи хондани намоз дар кишвари мо пеш омадааст. Ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон низ чунин тадбирро амалӣ кардаанд. Идораи мусулмонони Ӯзбекистон ҳамчунин доир ба манъи маросими ҳаҷ дар соли 2020 қарори дахлдор ба тасвиб расонид.

Ин ҳама амалҳои фавриву саривақтӣ танҳо ба хотири ҳифзи саломатӣ ва наҷот бахшидани одамон аз бемории сироятии короновирус мебошад, ки дар ҳақиқат то ба имрӯз ҷони ҳазорҳо нафарро аз байн бурда, садҳо корхонаҳо бекор мондааст. Ба ғайр аз ин мардуми зиёд бо иллати наҷот ёфтан аз офате, ки назирашро инсоният ёд надорад,  дар хонаҳои худ «ҳабс» шуда, умедвори ҳар чи тезтар халос шудан аз ин балоро доранд. Мо низ бояд дар пайи офияти мардум ва ҳимояи шаҳрвандони худ тамоми чораҳоро мавриди истифода қарор диҳем, то аз ин вабои аср худамон, фарзандонамон, падару модарон ва умуман тамоми сокинони мамлакатамонро новобаста аз мазҳабу дин наҷот бахшем ва Ватани азизамонро аз ҳама хатарҳо ҳифз намоем.

Тибқи фармудаҳои шариати Ислом ҳифзи саломатии инсон дар мартабаи аввал меистад. Дар ин маврид дар Қуръони карим омадааст: «Ва хештанро бо дастҳои худ ба (вартаи) ҳалокат маафканед» (Сураи Бақара, ояти 195).

Дар чунин вазъият, ки  ҳифзи саломатӣ фарз аст ва намози ҷамоат суннат мебошад, бояд сиҳатии ҳар як бандаи муъмин ҳимоя ва ҳифз шавад. Вобаста ба ин риоя намудани тавсияҳои мутахассисони соҳаи тиб низ муҳим мебошад. Чунонки Худованди таъоло мефармояд: «… агар намедонед, пас, аз аҳли дониш суол кунед» (Сураи «Наҳл» ояти 43).

Шароити мавҷударо ба инобат гирифта, ҷиҳати пешгирии паҳншавии бемории сироятии коруно, ки онро «фоҷиаи аср» номидаанд, Раёсати Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Гузоридани намозҳои ҷамоат — панҷвақта, ҷумъа ва таровеҳ дар масҷидҳои кишвар ва ҷамоатхонаҳо то беҳбуд ёфтани вазъият аз рӯзи 18 апрели соли 2020 манъ карда шавад.

2. Дар моҳи Рамазон баргузор намудани ҳар гуна ҷамъомад — таровеҳ, ифтор, идгардак ва дигар маъракаҳо манъ карда шавад.

3. Закот, садақаи фитр ва дигар хайрияҳо ба шахсони ниёзманд, ятимон, бепарасторон, маъюбон дода шавад. Шахсони саховатманд метавонанд садақа ва закоти худро барои пешгирии бемории сироятии мазкур ба суратҳисоби хазинаи махсус гузаронанд.

4. Шаҳрвандоне, ки нияти ҳаҷ доштанд, бо сабаби пурра баста шудани зиёрати хонаи Худо “Масҷид-ул-Ҳарам” маблағҳои ба ин ният ҷамъкардаи худро, аввал дар корҳои ободонии хонаву дари хеш, баъдан, барои амалҳои хайру савоб, ба монанди овардани об, кандани чоҳ, сохтани пул ва дигар корҳои хайриявии деҳаву маҳалли худ, ки ҳар кадом садақаи ҷория мебошад, сарф намоянд.

5. Тавсияҳои табибон ва тадбирҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳангоми рӯзадорӣ ва дигар маросим қатъиян риоя карда шаванд.

6. Вобаста ба рӯзадорӣ Шӯрои уламо тавсияҳои худро сари вақт омода карда, пеш аз саршавии моҳи мубораки Рамазон онҳоро ба тасвиб расонад".

Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио