Манъи адои намоз дар масҷидҳои Ӯзбекистон дар моҳи Рамазон

Идораи мусалмонҳои Ӯзбекистон фатвои хондани намозро дар моҳи Рамазон, дар давраи вабои вируси корона, содир кард: дар масҷидҳо адои намоз манъ ва Қуръонро мешавад, тариқи интернет хонду гӯш кард. Тавре Бахши хабарии Осиёи Марказӣ иттилоъ медиҳад, дар хабари рӯзи 13 апрел дар сомонаи Идораи мусалмонҳои Ӯзбекистон нашршуда қайд мешавад, ин мавзуъро бо Идораи маънавии мусалмонҳои […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Идораи мусалмонҳои Ӯзбекистон фатвои хондани намозро дар моҳи Рамазон, дар давраи вабои вируси корона, содир кард: дар масҷидҳо адои намоз манъ ва Қуръонро мешавад, тариқи интернет хонду гӯш кард.

Тавре Бахши хабарии Осиёи Марказӣ иттилоъ медиҳад, дар хабари рӯзи 13 апрел дар сомонаи Идораи мусалмонҳои Ӯзбекистон нашршуда қайд мешавад, ин мавзуъро бо Идораи маънавии мусалмонҳои Қазоқистону Қирғизистон баррасӣ ва фатвои муштарак содир кардаанд.

Гуфта мешавад, аз мусалмонҳои Ӯзбекистон даъват шудааст, ки бо ҳадафи риояи карантин амалҳои зерро анҷом диҳанд:

* адои намоз ва қироати Қуръонро дар хона анҷом диҳанд (қироати Қуръон ҳамзамон тариқи Интернет ба роҳ монда мешавад);

* ифтор ташкил накунанд ва харҷи ифторро ба корҳои хайрия сарф намоянд.

Зимнан зикр мегардад, ки барномаҳои Рамазонӣ пайваста тариқи телевизион ва интернет пахш хоҳад шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.