Даъвати ҳуқуқшиносон ба озод кардани муҳоҷирони Русия аз пардохти маблағи патент

Ҳуқуқшиноси тоҷик Наврӯз Одинаев даъват мекунад, ки замони пандемия муҳоҷирон дар Русия бояд аз пардохти маблағи патент озод шаванд. Ба гуфтаи ӯ, тибқи қонун, маблағи патентро шахсе бояд пардохт кунад, ки фаъолияти корӣ анҷом медиҳад, лекин бар асари пандемия муҳоҷирон дар Русия бекор монданд. “Талаби пардохти маблағи патент дар шароити ғайримунтазираи аз даст додани кор […]

Баҳманёр Нодиров

Ҳуқуқшиноси тоҷик Наврӯз Одинаев даъват мекунад, ки замони пандемия муҳоҷирон дар Русия бояд аз пардохти маблағи патент озод шаванд.

Ба гуфтаи ӯ, тибқи қонун, маблағи патентро шахсе бояд пардохт кунад, ки фаъолияти корӣ анҷом медиҳад, лекин бар асари пандемия муҳоҷирон дар Русия бекор монданд.

“Талаби пардохти маблағи патент дар шароити ғайримунтазираи аз даст додани кор ғайриқонунӣ аст”, – гуфт Одинаев.

Ӯ қайд кард, ки чун Русия расман реҷаи ҳолати фавқулода эълон намекунад, пас ҳолати “ғайримунтазира” низ расман вуҷуд надорад.

“Ҳозир аксарияти муҳоҷирон (шаҳрвандони худи Русия низ) худро ҷудо нигоҳ дошта, дар хонаҳояшон қарор доранд ва мақсади асосиашон рӯзгузарониву зинда мондан аст. Бинобар сабаби баста будани сарҳадҳо, ба ватан ҳам баргашта наметавонанд. Аз ин рӯ, чунин мешуморам, ки ҳамаи муҳоҷиронеро, ки фаъолияти корӣ анҷом намедиҳанд, аз пардохти маблағи патент озод кардан лозим аст. Барои пардохт нашудани ин маблағ набояд ихроҷ шаванд ё ҷазо гиранд”, – илова намуд Наврӯз Одинаев.

Қобили зикр аст, ки бар асари хуруҷи коронавирус ва ҷорӣ шудани реҷаи карантин дар бисёре аз шаҳрҳои Русия, муҳоҷирон бекор ва мутаносибан бе даромад монданд. Лекин муҳоҷироне, ки бо патент кор мекунанд, бояд ҳар моҳ вобаста ба минтақаи фаъолият аз 3 то 5350 рубл маблағи патент пардохт кунанд.

Қаблан Вазорати корҳои дохилии Русия тартиби дароз кардани муҳлати ҳузури муваққатиро дар қаламрави ин кишвар барои шаҳрвандони хориҷӣ шарҳ дода буд.

Зикр шуда буд, ки бо мақсади таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, инчунин бо назардошти вазъи марбут ба паҳншавии коронавирус, аз 19-уми марти соли 2020 шаҳрвандони хориҷӣ муҳлати ҳузури муваққатии худро дар қаламрави Русия дароз карда метавонанд.

Дар ҳамин ҳол, Валентина Чупик, директори иҷроияи ташкилоти байнулмилалии ғайридавлатии ғайритиҷоратии TONG JAHONI, ки дар Русия ба муҳоҷирони кумаки бепули ҳуқуқӣ пешниҳод мекунад, дар сомонаи  change.org муроҷиат нашр карда, зери он барои бекор кардани пардохтҳо барои патент ва ба қайди муҳоҷират гузоштани хориҷииён имзо ҷамъоварӣ мекунад.

Ӯ ба МУВАҚҚАТАН БОЗДОШТАНИ расмиёти зерини вобаста ба пандемияи коронавирус нисбат ба муҳоҷирон даъват мекунад:

1) уҳдадории пардохти маблағи патенти корӣ;

2) уҳдадории ба қайди МУҲОҶИРАТ гузоштан ва дароз кардани муҳлати он;

3) ҳама гуна санҷишҳои мақоми муҳоҷирати шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?

“Ба мактаб баред, вале дар вақти дарс истифода накунед”. Вазорати маориф корбурди телефонро дар мактабҳо шарҳ дод

Баҳси бурдан ва ё истифодаи телефон дар мактаб ва ё вақти дарс солҳост идома дорад.

Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё ҷойи дуюм шуд. Ҷудокорони тоҷик бо 5 медал бармегарданд

Паҳлавонони тоҷик дар ин мусобиқот 2 нишони тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст оварданд.