СҶТ: авҷи бемории COVID-19 ҳоло дар пеш аст

Намояндаи расмии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Маргарет Харрис изҳор дошт, ки пандемияи сирояти коронавирус дар ҷаҳон ҳоло ба авҷи ниҳоии худ нарасидааст. Тавре Медуза бо истинод ба Reuters хабар медиҳад, дар Аврупо вазъ гуногун аст: дар Италия ва Испания вазъи марбут бо коронавирус беҳтар шуда, лекин дар Британияи Кабир ва Туркия ҳоло ҳам афзоиши шумори сироятёбӣ […]

Asia-Plus

Намояндаи расмии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Маргарет Харрис изҳор дошт, ки пандемияи сирояти коронавирус дар ҷаҳон ҳоло ба авҷи ниҳоии худ нарасидааст.

Тавре Медуза бо истинод ба Reuters хабар медиҳад, дар Аврупо вазъ гуногун аст: дар Италия ва Испания вазъи марбут бо коронавирус беҳтар шуда, лекин дар Британияи Кабир ва Туркия ҳоло ҳам афзоиши шумори сироятёбӣ сабт мешавад.

Гуфта мешавад, ба Аврупо ва ИМА дар маҷмӯъ 90%-и ҳолати сироятёбӣ аз коронавирус рост омада, дар Чин то ҳанӯз ҳолатҳои аз хориҷ воридшудаи коронавирус, асосан аз Русия ба қайд гирифта мешаванд.

Намояндаи Созмон қайд кардааст, ки барои тайёр кардани ваксина аз коронавирус камаш як сол вақт лозим аст.

Тибқи маълумоти Донишгоҳи Ҷон Хопкинс, ба санаи 14 апрел шумори сироятёфтагон аз коронавирус дар саросари ҷаҳон 1,934 млн нафарро ташкил медиҳад. Аз ин шумор 464 ҳазор нафар аз беморӣ шифо ёфта, 120 ҳазор нафар фавтиданд. Шумори аз ҳама бештари фавтидагон аз COVID-19 дар ИМА сабт шудааст.

Чанде аз кишварҳои Аврупо ба сабуксозии маҳдудиятҳо, ки аввали моҳи март бо сабаби коронавирус ҷорӣ карда буданд, оғоз намуданд. Аз ҷумла, дар Испания ва Италия фаъолияти баъзе корхонаҳо ва ширкатҳои хизматрасонӣ барқарор шуд. Дар Дания кӯдакистонҳо дубора боз шуда, дар Австрия чанде аз фурӯшгоҳҳо ба кор шурӯъ карданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

ФАО: “Хавфҳои иқлимӣ ба амнияти озуқавории Осиёи Марказӣ таҳдид мекунанд”

Таназзули замин маҳсулнокӣ коҳиш дода, талафи гуногунии биологӣ низомҳои экологиро, ки деҳқонону чорводорон ва аҳолии деҳот ба он вобастаанд, заъиф месозад.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.