Боздошти ғоратгари ниқобпӯш дар Душанбе

Дар шаҳри Душанбе ба гумони даст доштан дар кирдори роҳзанӣ сокини 24-солаи пойтахт дастгир шуд. Тавре маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, шаби 14 апрел гумонбаршуда ба сар ниқоб баста, бо мақсади ғоратгарӣ ба манзили зани 30-солаи пойтахт ворид мешавад. “Сипас бо корд ӯро таҳдиди куштан карда, аз дохили ҷевон 10 ҳазор рубли русӣ, 100 […]

Asia-Plus

Дар шаҳри Душанбе ба гумони даст доштан дар кирдори роҳзанӣ сокини 24-солаи пойтахт дастгир шуд.

Тавре маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, шаби 14 апрел гумонбаршуда ба сар ниқоб баста, бо мақсади ғоратгарӣ ба манзили зани 30-солаи пойтахт ворид мешавад.

“Сипас бо корд ӯро таҳдиди куштан карда, аз дохили ҷевон 10 ҳазор рубли русӣ, 100 доллари амрикоӣ, 300 сомонӣ ва 1 адад ангуштарини тиллоиро тасарруф ва аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст”, – омадааст дар маълумоти ВКД.

Гуфта мешавад, маблағи умумии зарари расонидашуда ба соҳибхоназан 4 ҳазору 700сомониро ташкил медиҳад.

Зимнан зикр мегардад, ки айни замон гумонбаршаванда дар боздоштгоҳ қарор дошта, тафтишот идома дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

ФАО: “Хавфҳои иқлимӣ ба амнияти озуқавории Осиёи Марказӣ таҳдид мекунанд”

Таназзули замин маҳсулнокӣ коҳиш дода, талафи гуногунии биологӣ низомҳои экологиро, ки деҳқонону чорводорон ва аҳолии деҳот ба он вобастаанд, заъиф месозад.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.