Ифтитоҳи намоишгоҳи ҳунари тоҷикон, ки мустақиман ҳозир метавон тариқи онлайн тамошо кард

Чанде пеш дар Лондон Маркази фарҳанги тоҷикон боз шуд. Фаъолияти он ба таблиғи фарҳанги тоҷикон дар Британияи Кабир ва саросари ҷаҳон равона мегардад. Раҳбарии ин Ташкилоти ғайридавлатиро коргардон ва шоира Аниса Собирӣ ба уҳда гирифт, ки дар бораи нахустин намоишгоҳи маркази нав  бахшида ба ҷашни Наврӯз маълумот дод. Тибқи нақша, мусаввараҳо бояд дар майдони воқеӣ […]

Тимур Тимерханов

Чанде пеш дар Лондон Маркази фарҳанги тоҷикон боз шуд. Фаъолияти он ба таблиғи фарҳанги тоҷикон дар Британияи Кабир ва саросари ҷаҳон равона мегардад. Раҳбарии ин Ташкилоти ғайридавлатиро коргардон ва шоира Аниса Собирӣ ба уҳда гирифт, ки дар бораи нахустин намоишгоҳи маркази нав  бахшида ба ҷашни Наврӯз маълумот дод.

Тибқи нақша, мусаввараҳо бояд дар майдони воқеӣ намоиш дода мешуданд, лекин бар асари хуруҷи коронавирус чорабинӣ баргузор нашуд. Аз ин рӯ, дастандаркорони намоишгоҳ тасмим гирифтанд, ки ин рӯйдодро тариқи онлайн пешкаш кунанд.

Дар ҳамдастӣ бо галереяи Zari Gallery-и Лондон ва бо дастгирии сафорати Тоҷикистон дар Британияи Кабир онҳо намоишгоҳи виртуалӣ боз намуданд, ки онро метавон тариқи компютер ё смартфон тамошо кард. Он бо суроғаи https://zarigallery.co.uk/nowruz/ қобили дарёфт аст.

Айни замон дар он ҷо бо асарҳои 46 нафар рассомон – Фаррух Неъматзода, Олим Камолов, Эраҷ Олимов, Баҳром Исматов ва Раҳим Сафаров, инчунин нигораҳои галереяи санъати муосири Тоҷикистон шинос шудан имкон дорад.

Расмҳоро аз ҳама гуна нуқтаи ҷаҳон метавон тамошо кард, ки ба иҷрои рисолати намоишгоҳ – пешбурди фарҳанги тоҷикон таъсири мусбат мерасонад. Хоҳишмандон асарҳои барояшон писандомадаро харида метавонанд.

Намоишгоҳи виртуалӣ таҷрибаи нахустини марказ буда, минбаъд ҷалби бештари рассомон аз Тоҷикистонро дар нақша дорад ва ба онҳо барои ба сатҳи байнулмилалӣ роҳ ёфтан кумак мекунад.

Ояндаи наздик бо дастгирии ВАО-и Тоҷикистон ва Британияи Кабир баргузории онлайн-консертҳои мусиқии миллии тоҷикӣ дар назар аст.

Аниса мегӯяд, шакли онлайн ба намоишгоҳ имкон дод, ки сатҳи фарогирии тамошобинонро васеъ кунад. Одамон аз кишварҳои гуногун бо фарҳангу ҳунари тоҷикон ошно шуда, ҳатто корро фармоиш дода метавонанд. Ин тарзи навоварона аст. Шояд дар Тоҷикистон низ ба баргузории онлайн-намоишгоҳҳо шурӯъ мекунанд, чунки ин осонтару дастрас ва қулай мебошад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.