ВИДЕО: Таркиши як мошини бензинкаш дар Деваштич

Дар ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд як мошини бензинкаш ба садама дучор шуда оташ гирифтааст. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда мегӯяд, ронанда ва як мусофири мошин дар беморхона бистарӣ шудаанд.  Дар ҳоли ҳозир дар мавриди вазъи саломатии ронанда ва мусофири ин мошин гузориш дода нашудааст, аммо КҲФ гуфтааст, ки онҳо осеби ҷисмонӣ бардоштаанд. Гуфта мешавад, ин ҳодиса, тақрибан […]

Asia-Plus

Дар ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд як мошини бензинкаш ба садама дучор шуда оташ гирифтааст. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда мегӯяд, ронанда ва як мусофири мошин дар беморхона бистарӣ шудаанд. 

Дар ҳоли ҳозир дар мавриди вазъи саломатии ронанда ва мусофири ин мошин гузориш дода нашудааст, аммо КҲФ гуфтааст, ки онҳо осеби ҷисмонӣ бардоштаанд.

Гуфта мешавад, ин ҳодиса, тақрибан соати 09.30 дақиқаи имрӯз рух додааст. Ин мошин тамғаи «Донгфенг» буда, онро сокини 34-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Ҷӯраев МансурҶӯраев идора мекардааст.

Ба гуфтаи як манбаъ ин мошин ба мағозаи фурӯши масолеҳи кишоварзӣ дар ноҳияи Деваштич бархӯрда, оташ гирифтааст.

КҲФ мегӯяд, ҳодиса дар ҷамоати  деҳоти Ғазантараки ноҳияи Деваштич рух додааст ва мошин аз Хуҷанд ба самти ҷамоати деҳоти Ваҳдати ноҳияи Деваштич дар ҳоли ҳаракат будааст.

Бино ба хабари расида ҳамроҳ бо ронанда боз як сокини 29-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ сафар мекард.

КҲФ далели ин таркишро "маълум нест" гуфтааст. Дар айни замон масъулини Бозрасии давлатии автомобили Вазорати корҳои дохилӣ дар ҷойи ҳодиса далелҳои ҳодисаро таҳқиқ мекунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.