Ду минтақаро дар Тоҷикистон бо роҳи мошингард пайваст карданианд

Фонди Кувейтии рушди иқтисодӣ барои таҳияи арзёбии техникиву иқтисодии лоиҳаи роҳи мошингарди Ховалинг – Тавилдара кумаки молиявии бебозгашт медиҳад. Бо қарори ҳукумати Тоҷикистон ба Вазорати молия супориш дода шудааст, ки бо Фонди Кувейт дар ин хусус созишномаи дахлдор ба имзо расонад. Дар санад гуфта мешавад, кумаки техникӣ дар ҳаҷми 300 ҳазор динори кувейтӣ (наздики 1 […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Фонди Кувейтии рушди иқтисодӣ барои таҳияи арзёбии техникиву иқтисодии лоиҳаи роҳи мошингарди Ховалинг – Тавилдара кумаки молиявии бебозгашт медиҳад.

Бо қарори ҳукумати Тоҷикистон ба Вазорати молия супориш дода шудааст, ки бо Фонди Кувейт дар ин хусус созишномаи дахлдор ба имзо расонад.

Дар санад гуфта мешавад, кумаки техникӣ дар ҳаҷми 300 ҳазор динори кувейтӣ (наздики 1 млн доллар) ба ҷуз таҳияи асосноккунии техникиву фаннӣ, ба лоиҳакашии муҳандисии муфассал ва тартиб додани ҳуҷҷатгузории техникии ин роҳ равона мегардад.

Бино ба маълумоти Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, роҳи автомобилгарди Ховалинг-Шугнов-Тавилдара вилояти Хатлонро бо минтақаи назди Помир ва минтақаи Қаротегин тариқи ағбаи Хорсанг пайваст мекунад.

Масофаи роҳи мошингарди Ховалинг – Шугнов – Тавилдара тибқи ин лоиҳа 70 километр ва арзиши сохтмони он 91 млн доллар арзёбӣ мешавад.

Айни замон роҳи мошингарди мустақим байни Ховалинг ва Тавилдара вуҷуд надорад. Барои бо мошин аз як ноҳия ба ноҳияи дигар рафтан ним давр тариқи Данғара, Ваҳдат, Файзобод ва Нуробод гузаштан лозим меояд. Масофаи ин роҳ бошад, ба 348 километр баробар аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.