Коронавирус дар Тоҷикистон: сироятёбии 21 нафари дигар, марг нест

Шоми 30 июн шумораи гирифторони коронавирус дар Тоҷикистон, бино ба маълумоти Вазорати тандурустии кишвар ба 13499 нафар расидааст. Теъдоди одамони сиҳатшуда 18 нафар афзудааст – тибқи омори расмӣ ҳоло шумораи онҳо 13 302 нафарро ташкил медиҳад. Шумораи фавтидагон аз коронавирус бетағйир мондааст: аз оғози пандемия 90 нафар. Ин дар ҳоле, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва […]

Asia-Plus

Шоми 30 июн шумораи гирифторони коронавирус дар Тоҷикистон, бино ба маълумоти Вазорати тандурустии кишвар ба 13499 нафар расидааст.

Теъдоди одамони сиҳатшуда 18 нафар афзудааст – тибқи омори расмӣ ҳоло шумораи онҳо 13 302 нафарро ташкил медиҳад.

Шумораи фавтидагон аз коронавирус бетағйир мондааст: аз оғози пандемия 90 нафар. Ин дар ҳоле, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо аз мавридҳои марги шахсиятҳои маъруф хабар дода мешавад. Дирӯз Вазорати тандурустӣ ин гуна хабарҳоро комилан рад кард ва ба asia+ гуфт ин хабарҳо беасосанд.

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти ғайрирасмӣ, шумораи гирифторон ва фавтидагон ҳазорҳо нафар тахмин зада мешавад.

Ваксинзании оммавӣ дар кишвар идома дорад.  Ҳамзамон, овозаҳое паҳн шудаанд, ки ваксинаи чинӣ як маротиба эм карда мешавад. Ин овозаҳоро Вазорати тандурустӣ рад кард ва қайд кард, ки ваксинаи чинӣ, ба мисли ваксинаи AstraZeneca, ду маротиба гузаронида мешавад.

Дирӯз дар вилояти Суғд захираи воксин тамом шу два мардум пушти дари дармонгоҳҳо барои гирифтани воксин навбатпойӣ карданд. Мақомоти тандурустии ин вилоят мегӯянд, ки бояд 100 ҳазор воя воксин ворид шавад, аммо дақиқ намедонанд, ки кай. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.