Коронавирус дар Тоҷикистон: 49 нафар сироят ёфта, 1 нафар фавтид

Рӯзҳои 3-4 июл шумори сироятёфтагон аз коронавирус дар Тоҷикистон тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ 49 нафар зиёд шуд. Акнун шумори умумии сироятёфтагон дар ҷумҳурӣ ба 13 ҳазору 597 нафар расид. Теъдоди шифоёфтагон аз беморӣ то имрӯз 13 ҳазору 365 нафарро ташкил медиҳад. Давоми ду рӯз 32 нафар шифо ёфтаанд. Шумори фавт ҳам аз мавҷи дуюми коронавирус […]

Asia-Plus

Рӯзҳои 3-4 июл шумори сироятёфтагон аз коронавирус дар Тоҷикистон тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ 49 нафар зиёд шуд.

Акнун шумори умумии сироятёфтагон дар ҷумҳурӣ ба 13 ҳазору 597 нафар расид.

Теъдоди шифоёфтагон аз беморӣ то имрӯз 13 ҳазору 365 нафарро ташкил медиҳад. Давоми ду рӯз 32 нафар шифо ёфтаанд.

Шумори фавт ҳам аз мавҷи дуюми коронавирус афзуд. Давоми ду рӯз боз як нафар фавтида, теъдоди умумии фавтидагон ба 93 нафар расид.

Ёдрас мекунем, ки  бо қарори Ситоди ҷумҳуриявии муқовимат бо коронавирус аз 2 июл ваксиназанӣ дар ҷумҳурӣ барои шахсони синни аз 18-сола боло ҳатмӣ шуд.

Шахсоне, ки ваксина нагирифтаанд, бояд ба табиби оилавӣ ё муассисаи тиббии маҳаллӣ муроҷииат намоянд. Ваксинагузаронӣ бепул аст.

Дар муроҷиати Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар Тоҷикистон, ки дар АМИТ “Ховар” нашр шудааст, аз шаҳрвандони мамлакат эҳтиромона хоҳиш мешавад, ки вобаста ба хуруҷи мавҷи нави бемории коронавирус дар аксар кишварҳои минтақа ва ҷаҳон қоидаҳои гигиенаи шахсию ҷамъиятӣ ва фосилаи иҷтимоиро қатъиян риоя карда, дар нақлиёт ва ҷойҳои ҷамъиятӣ ҳатман аз ниқобҳои муҳофизатӣ истифода намоянд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.