Бемории COVID-19 дари маро ҳам кӯфт
Субҳи 20-уми марти соли ҷорӣ бо ҳарорати баланд аз хоб бедор шудам. Танам бемадор буд. Аз ҷой бархостан мушкил шуд.
Аҳли хонавода фикр кардем, зуком аст, чун тақрибан ҳар сол касал мешудем. Вале нишонаҳо фарқ мекарданд: дар аввал сулфаи хушк ва сӯзиши дохили бинӣ пайдо шуд. Баъд аз 2 рӯзи таби баланд нафаскашии шабона бароям мушкил шуд. Дар қафаси сина ҳам аз пешу қафо сӯзиш пайдо шуд. Дилам дард мекард. Баданам аз арақ тар мешуд. Фаровардани таб пас аз истеъмоли “Алвидон” (доруе ба монанди “Парасетамол”) танҳо барои чанд соат кифоят мекард ва он боз баланд мешуд. Нафаскашӣ рӯзона каме осонтар буд. Иштиҳо гум шуда, беҳолу бемадор гаштам. Гуё тамоми аъзои баданам дард мекард. Ҳамин гуна тақрибан чаҳор рӯз идома ёфт. Дар рӯзи панҷум табам поин фаромад, аммо таъми хӯрокро намефаҳмидам ва як рӯз баъд эҳсоси бӯйро низ гум кардам.
Он рӯзҳоро ба ёд овардан хеле мушкил, чунки ин беморӣ ба назарам бисёр сангин ва дурудароз гузашт. То ҳол сулфа мекунам. Ба духтурон муроҷиат кардем. Аммо чунонки маълумот гирифтем, дар як рӯз ба онҳо то 35 ҳазор нафар бо шикояти нишонаҳои коронавирус занг мезананд. Вале агар табамон баланд бошад ва ё танамон дард кунад, духтурон танҳо маслиҳат медиҳанд, ки обро нӯшем ва “Алвидон” истеъмол кунем. Табибон иброз доштанд, ки тест ба ҳама намерасад. Онҳо фақат шахсони гурӯҳи хатар ва ё аҳволашон вазниншударо тест мекунанд.
Чӣ гуна сироят шудам?
Ман фикр мекардам, ки шояд ба ин беморӣ дар сафари кӯтоҳи Англия гирифтор шудам. Аммо 26-уми март дӯстонам занг зада, гуфтанд, ки як рафиқамон мубталои коронавирус шудааст. Мо ҳафтае пеш якҷо ғизо хӯрда будем. Дӯсти мо – Аммар Дарвеш, муҳоҷири суриягӣ наҳорӣ тайёр карда, моро меҳмондорӣ карда буд. Аз байни 8 нафари бо ҳам нишастагон дар 4 кас нишонаҳои беморӣ пайдо шуданд. Аммо нафаскашии Аммар вазнин шуд ва ӯро 26-уми март дар беморхонаи “Нючёпинг”, тақрибан 130 километр дуртар аз пойтахти Шветсия – шаҳри Стокҳолм бистарӣ карданд. Ӯ беш аз як ҳафта дар шуъбаи эҳё қарор дошт ва рӯзи 10-уми апрел ба хонааш баргашт.
Тоҷикони бемор дар Шветсия ва Русия
Ман бо якчанд нафар тоҷикони муҳоҷири Шветсия суҳбат доштам, ки нахостанд, номашон ифшо шавад. Дар як хонаи иҷоравии онҳо 5 нафар бемор шуданд. Вазъи яке аз онҳо вазнин буд ва ӯ дар бемористон шифо ёфт. Ҷавонони дигари тоҷик дар хона табобат ёфтанд, яъне бемории онҳо сабук гузашт.
Албатта, коронавирус хатарнок аст, аммо на барои ҳама. Нафароне, ки гирифтори касалии қанд, фишори баланди хун, дилдард ҳастанд ва ё бемориҳои дигар доранд, шояд онҳо ба гурӯҳи хатар дохил шаванд.
Барои мисол, як оилаи шиносамон аз шаҳри Конибодом дар Маскав иқомат доштанд. Аз оилаи Б.К. падару модар ва духтарашон гирифтори коронавирус шуданд. Модар касалии қанд дошт ва баъд аз як ҳафта дар беморхонаи Маскав вафот кард. Падар то ҳол дар бемористони инфексионӣ муолиҷа мешавад. Вазъи саломатии ӯ миёнаи вазнин аст. Б.К. дар хона бидуни антибиотик табобат гирифт ва баъд аз як ҳафтаи беморӣ ҳолаш беҳтар шуд.
Воҳима набояд кард
Имрӯз мардум бисёр ба воҳима афтодаанд, гуё коронавирус омада, ҷони ҳамаро мебарад. Мо шоҳиди он шудем, ки чандин нафар шифо ёфтанд. Ҳатто онҳое, ки аҳволашон вазнин буд ва дар шуъбаҳои эҳё қарор доштанд.
Одамони зиёд дар Шветсия ба бемории COVID-19 гирифтор шуданд ва дар хонаашон табобат гирифтанд. Он яке аз кишварҳои пешрафтаи дунёст ва мисли дигар давлатҳо карантини сахту сангин надорад. Мардум озодона дар кӯчаҳо гаштугузор мекунанд. Ҳарчанд мувофиқи маълумоти расмӣ, беш аз 16 ҳазор нафар мубталои коронавирус шуданду аз ин шумор қариб 2 ҳазор кас фавтиданд.
Ба назарам, дар навбати аввал мебояд шахсони калонсолу гирифтори бемориҳои гуногунро эҳтиёт кард, зеро барои онҳо коронавирус хатар дорад.
Аммо бемории COVID-19 ҳамаро намекушад. Бинобар ин, воҳима накунед!
Ин матлаб дидгоҳи шахсии муаллиф аст