Намояндагии Вазорати меҳнат дар Русия аз корфармоҳои рус 10 млн қарзи маоши муҳоҷиронро рӯёндааст

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия ба муҳоҷирони тоҷик дар пардохти қарз аз маоши 6-моҳаи соли ҷорӣ мусоидат намуд. Тавре дафтари матбуоти Намояндагӣ хабар медиҳад, маблағи пардохти қарз 10 млн рублро ташкил дод. Бино ба маълумоти Намояндагӣ, дар нимсолаи аввали имсол ба ин ниҳод аз ҷониби муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Тоҷикистон […]

Asia-Plus

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия ба муҳоҷирони тоҷик дар пардохти қарз аз маоши 6-моҳаи соли ҷорӣ мусоидат намуд.

Тавре дафтари матбуоти Намояндагӣ хабар медиҳад, маблағи пардохти қарз 10 млн рублро ташкил дод.

Бино ба маълумоти Намояндагӣ, дар нимсолаи аввали имсол ба ин ниҳод аз ҷониби муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Тоҷикистон беш аз 88 нафар барои баргардонидани маблағи музди маош бо маблағи 14,5 млн рубли муроҷиат намудаанд.

“Дар ин давра аз ҷониби Намояндагӣ зиёда аз 10 млн рубл, яъне 75,3% маблағи муҳоҷирони меҳнатӣ бозгардонида шуд, – омадааст дар хабар. – Бақияи 3,5 млн рубл, яъне 24,7% маблағҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, ки ба Намояндагӣ муроҷиат намудаанд, дар баррасии мақомотҳои марбутаи Русия қарор дорад”.

Бо мақсади пешгирии мушкилот ва баҳсҳои молиявӣ байни корфармо ва кормандон, Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия боисрор аз муҳоҷирони кории тоҷик дархост мекунад, ки пеш аз ба кор қабул шудан ҳатман шартномаи меҳнатӣ ба имзо расонанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.