Гулмаҳмадзода аз мақоми муовини сарвазир барканор ва сафири Тоҷикистон дар Русия таъин шуд

  Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, муовини сарвазири Тоҷикистон бар асоси як фармони Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон аз мақомаш барканор ва сафири нави Тоҷикистон дар Русия таъин шудааст. Ин фармон имрӯз, 2-юми август содир ва дар торнамои раисҷумҳури Тоҷикистон нашр шадуааст. Ҳамчунин бо як фармони дигари раисҷумҳур Имомуддин Сатторов аз мақоми сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи […]

Asia-Plus

 

Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, муовини сарвазири Тоҷикистон бар асоси як фармони Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон аз мақомаш барканор ва сафири нави Тоҷикистон дар Русия таъин шудааст.

Ин фармон имрӯз, 2-юми август содир ва дар торнамои раисҷумҳури Тоҷикистон нашр шадуааст.

Ҳамчунин бо як фармони дигари раисҷумҳур Имомуддин Сатторов аз мақоми сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ва ҳамзамон Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арманистон ва Намояндаи комилҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодии назди Шӯрои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барканор шудааст. 

Дар фармон далели барканории Сатторов "гузаштан ба кори дигар" ишора шудааст, аммо фармони таъиноти ӯ дар мақоми наве то кунун нашр нашудааст.

Ҳамчунин бар асоси фармонҳои президенти Тоҷикистон Файзулло Холбобоев аз мақоми сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Молдова озод ва Давлаталӣ Назризода сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина ҳамзамон сафири Фавқулодда ва Мухтори Тоҷикистон дар Молдова таъин шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

 

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.