Қадрдонии директори донишкадаи Хуҷанд бо медали тиллои Академияи Русия

Date:

Директори донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд Дилафрӯз Саидӣ бо медали тилло барои “Навгониҳо дар соҳаи маориф” (За инновации в области образования)-и Русия қадрдонӣ шуд.

Қарори мазкур аз рӯйи натиҷаҳои  озмуне, ки аз ҷониби Академияи бисёрсоҳавии таҳсилоти давомдори Русия барои фаъолияти навоварона дар соҳаи маълумоти олӣ эълон шуд, қабул шудааст, хабар медиҳад дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода пас аз баргузории конфронси илмӣ-амалӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлоляити давлатии ҷумҳурӣ дар вазъияти тантанавӣ ин мукофотро ба Дилафрӯз Саидӣ тақдим намуд.

Қобили зикр аст, ки чунин медали тилло бори нахуст ба яке аз роҳбарони мактаби олии Тоҷикистон супурда шуда, ҳадаф аз он ҳавасмандсозии роҳбарони макотиби олӣ ва омӯзгорони навовар дар ташаккул ва муаррифии илм ва мудирият (менеҷмент)-и муосир мебошад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...