Қадрдонии директори донишкадаи Хуҷанд бо медали тиллои Академияи Русия

Директори донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд Дилафрӯз Саидӣ бо медали тилло барои “Навгониҳо дар соҳаи маориф” (За инновации в области образования)-и Русия қадрдонӣ шуд. Қарори мазкур аз рӯйи натиҷаҳои  озмуне, ки аз ҷониби Академияи бисёрсоҳавии таҳсилоти давомдори Русия барои фаъолияти навоварона дар соҳаи маълумоти олӣ эълон шуд, қабул […]

Директори донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд Дилафрӯз Саидӣ бо медали тилло барои “Навгониҳо дар соҳаи маориф” (За инновации в области образования)-и Русия қадрдонӣ шуд.

Қарори мазкур аз рӯйи натиҷаҳои  озмуне, ки аз ҷониби Академияи бисёрсоҳавии таҳсилоти давомдори Русия барои фаъолияти навоварона дар соҳаи маълумоти олӣ эълон шуд, қабул шудааст, хабар медиҳад дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода пас аз баргузории конфронси илмӣ-амалӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлоляити давлатии ҷумҳурӣ дар вазъияти тантанавӣ ин мукофотро ба Дилафрӯз Саидӣ тақдим намуд.

Қобили зикр аст, ки чунин медали тилло бори нахуст ба яке аз роҳбарони мактаби олии Тоҷикистон супурда шуда, ҳадаф аз он ҳавасмандсозии роҳбарони макотиби олӣ ва омӯзгорони навовар дар ташаккул ва муаррифии илм ва мудирият (менеҷмент)-и муосир мебошад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.