Ба Тоҷикистон боз як миқдор ваксинаи чинӣ оварда шуд

Рӯзи 30 август ба шаҳри Душанбе миқдори навбатӣ – 500 ҳазор воя (доза)-и ваксинаи истеҳсоли Чин – CoronaVac оварда шуд, хабар медиҳад Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ. Ёдрас мекунем, ки пештар Чин ба Тоҷикистон ба таври ройгон зиёда аз 2 млн вояи ваксинаи CoronaVac-и истеҳсоли ширкати "Sinovac Research & Development Co." дода буд. Тавофуқ бобати таҳвили миқдори […]

Asia-Plus

Рӯзи 30 август ба шаҳри Душанбе миқдори навбатӣ – 500 ҳазор воя (доза)-и ваксинаи истеҳсоли Чин – CoronaVac оварда шуд, хабар медиҳад Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ.

Ёдрас мекунем, ки пештар Чин ба Тоҷикистон ба таври ройгон зиёда аз 2 млн вояи ваксинаи CoronaVac-и истеҳсоли ширкати "Sinovac Research & Development Co." дода буд.

Тавофуқ бобати таҳвили миқдори нави ваксина ба сифати кумаки башардӯстона 1 марти соли 2021 зимни гуфтушуниди президенти Тоҷикистн Эмомалӣ Раҳмон ва раиси Чин Си Ҷинпин ҳосил шуда буд.

Масъалаи интиқоли ваксина чанде пеш дар мулоқоти вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо сафири Чин дар Тоҷикистон Лю Бин низ баррасӣ шуда буд.

Дар маълумоти Вазорати тандурустӣ зикр мешавад, ки “ваксинаҳои мазкур дар анборҳои махсуси Вазорат нигаҳдорӣ шуда, тибқи нақшаи миллӣ ба табақаҳои пешбинишудаи аҳолӣ  гузаронида мешаванд”.

Дар ҳамин ҳол, шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон боз 39 ҳолати нави сироятёбӣ аз коронавирус ба қайд гирифта шудааст.

Тибқи маълумоти Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ, теъдоди умумии сироятёфтагон дар кишвар то 30 август 16 ҳазору 817 нафар ва шумори умумии шифоёфтагон аз ин беморӣ 16 ҳазору 660 нафар ё худ 99,1%-ро ташкил медиҳад.

Бино ба маълумоти расмӣ, аз оғози пандемия то ин дам 124 нафар шаҳрвнадон бар асари ин беморӣ фавтидаанд.

Ба ҳолати то 23 август дар Тоҷикистон 1 млн 891 ҳазору 850 нафар шаҳрвандон ба ваксинатсия зидди бемории коронавируси COVID-19 фаро гирифта шуданд. Инчунин воя (доза)-и дуюми ваксинаро то санаи зикргардида беш аз 363 ҳазору 895 нафар шаҳрвандони мамлакат гирифтаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.