Дар ҳамаи шаҳру навоҳии Тоҷикистон парадҳои ҳарбӣ баргузор шуданд

Дар ҳамаи шаҳру навоҳии Тоҷикистон имрӯз ба муносибати ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон парадҳои ҳарбӣ баргузор шуданд, хабар дод ба “Азия-Плюс” сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи кишвар полковник Фаридун Маҳмадалиев. Бино ба гуфтаи ӯ, дар онҳо ҳамагӣ зиёда аз 162 ҳазор сарбозону афсарон ва низомиёни захираҳои сафарбарӣ ширкат варзиданд. “Танҳо дар паради ҳарбии Душанбе […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Дар ҳамаи шаҳру навоҳии Тоҷикистон имрӯз ба муносибати ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон парадҳои ҳарбӣ баргузор шуданд, хабар дод ба “Азия-Плюс” сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи кишвар полковник Фаридун Маҳмадалиев.

Бино ба гуфтаи ӯ, дар онҳо ҳамагӣ зиёда аз 162 ҳазор сарбозону афсарон ва низомиёни захираҳои сафарбарӣ ширкат варзиданд.

“Танҳо дар паради ҳарбии Душанбе бо ҳузури президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳудуди 30 ҳазор сарбозону афсарон ва низомиёни захираҳои сафарбарӣ ширкат варзиданд”, – гуфт номбурда.

Ӯ таъкид дошт, ки ҳамаи иштирокчиёни гузашти низомӣ то ин дам ба макони будубоши доимии худ баргаштанд.

Зимнан зикр шуд, ки дар таърихи Тоҷикистон то ин дам чунин парадҳои ҳарбии бузургмиқёс доир нагардида буданд.

Дар Суғд – танҳо бонувон

Хадамоти матбуоти сарвари давлат ҳоло аксҳоро аз паради ҳарбӣ дар майдони асосии кишвар чоп накарда, дафтари матбуоти шаҳрдории Хуҷанд дар саҳифаи иҷтимоии Фейсбук аз паради ҳарбӣ дар маркази маъмурии вилояти Суғд аксҳо ба нашр расонид.

Иқтидори Хатлон

Ёдрас мекунем, ки субҳи 9 сентябр дар майдони “Дӯстӣ” раҳпаймоиии сокинони шаҳр баргузор мешавад, ки дар он зиёда аз 45 ҳазор сокинони пойтахт ширкат меварзанд.

Шоми ҳамин рӯз дар маҷмааи “Наврӯзгоҳ”-и пойтахт бахшида ба солгарди ҷашни Истиқлолият бо иштироки ҳудуди 20 ҳазор нафар намоиши театришуда баргузор мешавад.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросимҳои раҳпаймоии идона ва намоиши театришуда низ шахсан иштирок хоҳад кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.