Сироҷиддин Муҳриддин дар СММ масъалаи кумаки башардӯстона ба Афғонистонро ба миён гузошт

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин 1 октябр дар ҳошияи Мубоҳисаҳои умумии иҷлоси 76-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк бо Дабири кулли СММ Антониу Гутерреш мулоқот намуд. Бино ба иттилои ВКХ Тоҷикистон, зимни суҳбат ҷонибҳо маҷмӯи васеи масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистону  СММ-ро дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла, сиёсӣ, иқтисодию-иҷтимоӣ, гуманитарӣ,  муҳитизистӣ ва амният […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин 1 октябр дар ҳошияи Мубоҳисаҳои умумии иҷлоси 76-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк бо Дабири кулли СММ Антониу Гутерреш мулоқот намуд.

Бино ба иттилои ВКХ Тоҷикистон, зимни суҳбат ҷонибҳо маҷмӯи васеи масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистону  СММ-ро дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла, сиёсӣ, иқтисодию-иҷтимоӣ, гуманитарӣ,  муҳитизистӣ ва амният мавриди баррасӣ қарор дода, аҳаммияти таҳкими равобити бисёрҷонибаро таъкид карданд.

Муборизаи муштарак бо терроризму ифротгароӣ, инчунин вокуниши муассир ба паёмадҳои иқтисодӣ-иҷтимоии ҳамагирии COVID-19, тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба захираҳои об аз мавзӯъҳои меҳварии мулоқот буданд.

“Ҳамсуҳбатон ба расонидани кумаки фаврии гуманитарӣ ба аҳолии Афғонистон ва тақвияти ҳамкории байналмилалӣ барои роҳ надодан ба фоҷеаи гуманитарӣ дар ин кишвар таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд”, – омадааст дар хабар.

Вазири корҳои хориҷӣ зикр намуд, ки Тоҷикистон ҳукумати фарогирро бо шумули ҳамаи гурӯҳҳои сиёсӣ ва қавмӣ дар Афғонистон эътироф мекунад.

Дар ҳошияи иҷлоси 76-уми Маҷмаи Умумии СММ Сироҷиддин Муҳриддин бо маъмури Барномаи рушди Созмон Ахим Штайнер низ дидору гуфтушунид карда, дар мулоқот масъалаҳои густариши ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Барномаи рушди СММ ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки ин ниҳоди СММ дар кишвари мо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Инчунин дар рафти мулоқот Сироҷиддин Муҳриддин дар робита ба расонидани кумаки башардӯстона ба аҳолии Афғонистон таъкид кард, ки кумаки ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд бевосита ба мардуми Афғонистон, ба вежа аҳолии вилояти Панҷшер расонида шавад.

Ҳамчунин дар Ню-Йорк вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо муовини Дабири кулли СММ, роҳбари Дафтари зиддитеррористии Созмон Владимир Воронков мулоқот намуд.

Аснои вохӯрӣ дар баробари масъалаҳои мубрами ҷаҳонӣ, аз қабили мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ, вазъи минтақа, алалхусус рӯйдодҳои охир дар Афғонистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳамчунин ҷонибҳо ҷиҳати идомаи ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби “Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм ва маблағгузории он” ба тавофуқ расиданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.