«Северный ветер» парвозҳоро бо хатсайри Маскав-Бохтар-Маскав барқарор кард

Ширкати ҳавопаймоии «Северный ветер»-и Русия парвозҳоро бо хатсайри Маскав-Бохтар (собиқ Қӯрғонтеппа) барқарор намуд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон. “Ширкати «Северный ветер» (Nordwind Airlines) парвозҳоро ба самти Маскав-Бохтар-Маскав ҳанӯз соли 2018 оғоз намуда, ширкат дар як ҳафта ба 7 парвоз ба Бохтар ва бозпас аз он иҷозатнома дорад. Бинобат сабаби қатъи алоқаи […]

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Ширкати ҳавопаймоии «Северный ветер»-и Русия парвозҳоро бо хатсайри Маскав-Бохтар (собиқ Қӯрғонтеппа) барқарор намуд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон.

“Ширкати «Северный ветер» (Nordwind Airlines) парвозҳоро ба самти Маскав-Бохтар-Маскав ҳанӯз соли 2018 оғоз намуда, ширкат дар як ҳафта ба 7 парвоз ба Бохтар ва бозпас аз он иҷозатнома дорад. Бинобат сабаби қатъи алоқаи ҳавоӣ байни кишварҳо, ширкат ба анҷоми парвозҳо имкон надошт ва пас аз азсаргирии онҳо, бо иҷозатномаи аллакай мавҷуда парвозҳоро бо ин хатсайр дубора роҳандозӣ кард”, – иттилоъ доданд дар Агентӣ.

Тибқи маълумоти портали "АвиаПорт", ширкат ба парвоз аз Маскав ба Бохтар аз 25 октябр оғоз мекунад. Пас аз ин парвозҳо ҳафтае як маротиба рӯзҳои душанбе анҷом дода мешаванд.

Билетҳои парвоз аз Маскав то Бохтар ҳудуди 12 ҳазор рубл (1 ҳазору 904 сомонӣ) ва бозпас аз Бохтар ба Маскав – зиёда аз 18 ҳазор рубл (2 ҳазору 856 сомонӣ) нарх доранд.

Гуфта мешавад, аз 31 октябр ҳавопаймоҳои ширкат аз Магнитогорск ба Душанбе парвоз мекунанд. Ба мусофирон, аз ҷумла паровоз бо хатсайри интиқоли Санкт -Петербург – Душанбе бо таваққуф дар Магнитогорск пешниҳод мешавад.

Ширкати ҳавопаймоии Nordwind Airlines парвозҳоро бо хатсайри Маскав-Бохтар аз моҳи декабри соли 2018 оғоз намуд. Он вақт Boeing-и ширкат аввалин 100 нафар мусофиронро ба фурудгоҳи Шереметевои Маскав расонд.

Бо оғози парвозҳои Nordwind Airlines кори фурудгоҳи байнулмилали Бохтар, ки аз моҳи сентябри соли 2017 қатъ шуда буд, низ барқарор гардид.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.