Дар ноҳияи Шӯрообод 40 кило маводи мухаддир мусодира карда шуд

            Душанбе. 31-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Дар марзи Тоҷикистону Афғонистон миқдори зиёди маводи мухаддир мусодира карда шуд.             Чӣ тавре ки аз Вазорати умури дохилии ҶТ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, чанде қабл зимни баргузории амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар мавзеи Саричашмаи ноҳияи Шӯрообод – шаҳрванди ҶТ К.Т. боздошт гардид. «Ҳангоми азназаргузаронии бори номбурда 40 кило […]

Наргис Ҳамробоева



           

Душанбе. 31-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Дар марзи Тоҷикистону Афғонистон миқдори зиёди маводи мухаддир мусодира карда шуд.





           

Чӣ тавре ки аз Вазорати умури дохилии ҶТ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, чанде қабл зимни баргузории амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар мавзеи Саричашмаи ноҳияи Шӯрообод – шаҳрванди ҶТ К.Т. боздошт гардид. «Ҳангоми азназаргузаронии бори номбурда 40 кило маводи мухаддири марихуана дарёфт ва мусодира гардид», – гуфт манбаъ.




           

Бино ба иттилои манбаъ, айни замон ҷустуҷӯи афроди дигари ба ин ҷиноят дастдошта идома дорад.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.