Рӯзи чоршанбе дар Душанбе барфи аввал меборад

Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва пойтахти Тоҷикистон рӯзҳои 17-18 ноябр якуякбора ноустуворшавии вазъи обуҳаво ва боридани борон бо гузариш ба барфи тар дар назар аст. Бино ба иттилои Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ, сарфи назар аз ҳавои офтобии имрӯза дар пойтахт, аллакай пагоҳ бориши борон бо гузариш ба барфи тар ва дар баъзе ҳолатҳо бошиддат ба амал меояд. […]

Asia-Plus

Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва пойтахти Тоҷикистон рӯзҳои 17-18 ноябр якуякбора ноустуворшавии вазъи обуҳаво ва боридани борон бо гузариш ба барфи тар дар назар аст.

Бино ба иттилои Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ, сарфи назар аз ҳавои офтобии имрӯза дар пойтахт, аллакай пагоҳ бориши борон бо гузариш ба барфи тар ва дар баъзе ҳолатҳо бошиддат ба амал меояд. Шиддатёбии вазиши шамол бо суръати то 10-15м/с дар назар буда, ҳарорати рӯзонаи ҳаво 5-7 дараҷа гарм мешавад.

Гуфта мешавад, ин рӯзҳо дар саросари кишвар обуҳавои ноустувор, боришот, дар водиҳо боридани борон ба гузариш ба барфи тар ва дар кӯҳҳо боридани барф пешгӯйӣ мешавад.

Дар баъзе ноҳияҳо баъзан тормеғ (туман) фаромада, ҳарорати рӯзона 10-12 дараҷа поин меравад.

Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ аз шаҳрвандон хоҳиш мекунад қоидаҳои бехатарии сӯхторро риоя намоянд. Ҳангоми истифодаи асбобҳои гармидиҳандаи барқӣ, бахусус асбобҳои барқии гармидиҳандаи худсохт эҳтиёт кунанд. Аз истифодаи бухориҳо низ баэҳтиёт бошанд, ҳамеша дудбарои хонаҳоро хабар гиранд ва онҳоро тоза нигоҳ доранд.  Кӯдакон танҳо ва беназорат гузошта нашаванд.

КҲФ бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ аз аҳолӣ хоҳиш мекунад, ки ҳангоми истифодаи роҳҳои кӯҳӣ эҳтиёткор бошанд, воситаҳои нақлиётии худро аз қабл ба сафар омода созанд, то ҳадди имкон аз рафтан ба минтақаҳои хатарнок худдорӣ намоянд, ҳангоми иҷрои корҳои кишоварзӣ дар доманакӯҳҳо ва навоҳии кӯҳистонӣ, аз чаронидани чорво дар чарогоххои куҳӣ муваққатан худдорӣ намоянд. Дар ин гуна рӯзҳо рафтан ба кӯҳҳову доманакӯҳҳо барои ҷамъоварии ҳезум ва моҳидорӣ дар соҳили наҳру кӯлу рӯдхонаҳо метавонад хатарнок бошад.

Дар ҳолати рух додани ҳолатҳои ғайримуқаррарӣ ё ҳолати фавқулодда ба рақами 112  ва ё ба Қисми навбатдории  Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда: 223 13 11 ё 93 880 28 19 занг занед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.