Дар Душанбе ҷавонеро, ки духтареро аз ғарқшавӣ наҷот дода буд, қадрдонӣ карданд

Date:

Раёсати корҳои дохилии Душанбе як сокини пойтахтро барои наҷот додани як ҷавондухтар аз ғарқшавӣ қадрдонӣ кард. Дар ин бора сайти пулиси Душанбе хабар медиҳад.

Ин сокини пойтахт Сафаралӣ Ғойибови 21-сола мебошад, ки 24-уми ноябр, духтари 17-солаи сокини шаҳри Ваҳдатро аз ғарқшавӣ дар дарёи Душанбе наҷот дод.

Гуфта мешавад, ки духтари 17-сола гирифтори бемории равонӣ буда, аз болои пули болои дарёи Душанбе, воқеъ дар хиёбони Саъдии Шерозӣ худро ба дарё партофт. Сафаралӣ, ки дар канори макони ҳодиса буд, худро ба дарё афканд ва духтарро аз дарё берун кашид

Раҳбарии раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, барои далериву ҷасурӣ ва адои қарзи шаҳрвандӣ  Сафаралиро бо "Сипоснома" ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ кардаааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед. 

 

 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...