Баррасии тарзҳои инноватсионӣ ва рақамии рушди комплекси агросаноатӣ дар Душанбе

Имрӯз дар Душанбе истифодаи навгониҳо (инноватсия) ва технологияҳои рақамиро дар комплекси агросаноатӣ баррасӣ мекунанд. Баррасии масъала дар доираи чорабинии “Маҷлиси иқтисодӣ дар Душанбе” (29-30 ноябр) сурат мегирад. Чорабинӣ аз ҷониби Ҷамъияти ҳамкории байнулмилалии Олмон (GIZ) созмон дода шудааст. Иштирокчиёни чорабинӣ, аз ҷумла Лоиҳаи рушди маҷмӯавӣ (комплексӣ)-и рушди ноҳияҳои деҳот (IRDP)-ро, ки дар он мусоидат ба […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Имрӯз дар Душанбе истифодаи навгониҳо (инноватсия) ва технологияҳои рақамиро дар комплекси агросаноатӣ баррасӣ мекунанд. Баррасии масъала дар доираи чорабинии “Маҷлиси иқтисодӣ дар Душанбе” (29-30 ноябр) сурат мегирад. Чорабинӣ аз ҷониби Ҷамъияти ҳамкории байнулмилалии Олмон (GIZ) созмон дода шудааст.

Иштирокчиёни чорабинӣ, аз ҷумла Лоиҳаи рушди маҷмӯавӣ (комплексӣ)-и рушди ноҳияҳои деҳот (IRDP)-ро, ки дар он мусоидат ба рушди фарогир (инклюзивӣ)-и иқтисоди деҳот баҳри некӯаҳволии мардум (TRIGGER) пешбинӣ шудааст, баррасӣ мекунанд.

Арзиши лоиҳа 29,5 млн евроро ташкил медиҳад, ки 20 млн евро саҳми Иттиҳоди Аврупо ва 9 млн евро – саҳми Вазорати федералии ҳамкории иқтисодӣ ва рушди Олмон мебошад.

Ҳадаф аз татбиқи лоиҳа ҷорӣ намудани зеҳни сунъӣ дар бахши кишоварзӣ унвон шуда, анҷоми он соли 2024 дар назар аст.

Маҷлиси иқтисодӣ дар Душанбе аз соли 2014 гузаронида мешавад. Ҳадафи он фароҳам овардани замина (платформа)-е мебошад, ки иштирокчиён аз сохторҳои давлатӣ, бахши хусусӣ, ассотсиатсияҳои тиҷоратӣ ва доираҳои академӣ тавонанд оид ба масъалаҳои муҳими иқтисодӣ озодона мубодилаи афкор дошта бошанд.

Маҷлиси иқтисодӣ-2021 вохӯрии ҳафтум мебошад. Имсол он дар шакли гибридӣ гузаронида шуда, қисмате иборат аз 100 нафар бо ҳузури бевосита ва қисмати дигар – бо таври маҷозӣ (виртуалӣ) дар он иштирок мекунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.