Ду филми тоҷикӣ дар ҷашнвораи байналмилалии Стогҳолм ҷоиза гирифтанд

Филмҳои ду коргардони тоҷик дар 12- умин Ҷашнвораи байналмилалии “САМО”, ки дар шаҳри Стогҳолми Шветсия баргузор шуд, дар бахши филмҳои байналмилалӣ миёни филмҳои кишварҳои форсзабон сазовори ҷоиза шудаанд. Ин ҷашнвора аз 26 то 28 ноябри соли равон баргузор шуд. Тавре сомонаи расмии фестивал менависад, дар байни чанд филми пешниҳодшуда, филми “Нолаи танбур”- и коргардон Аниса […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Филмҳои ду коргардони тоҷик дар 12- умин Ҷашнвораи байналмилалии “САМО”, ки дар шаҳри Стогҳолми Шветсия баргузор шуд, дар бахши филмҳои байналмилалӣ миёни филмҳои кишварҳои форсзабон сазовори ҷоиза шудаанд.

Ин ҷашнвора аз 26 то 28 ноябри соли равон баргузор шуд.

Тавре сомонаи расмии фестивал менависад, дар байни чанд филми пешниҳодшуда, филми “Нолаи танбур”- и коргардон Аниса Собирӣ ва “Бачаи обӣ”-и коргардон Файзуллои Файз дар бахши филмҳои байналмилалӣ  сазовори ҷоиза шуданд.

Дар шарҳи гирифтани ҷоизаи филми “Нолаи танбур” ҳакамон гуфтаанд, “ин филм услуб ва равиши хоси худро дорад, он барои тасвири ҷанг ва таъсири он ба ҳаёти инсонҳо сазовори эътироф мебошад”.

Ҳакамони фестивал ба филми "Бачаи обӣ"-и Файзулло Файз барои дастоварди аввалинаш ҳамчун коргардон, ки иқтидори бузурги инсонпарвариро нишон медиҳад, тақдим кардаанд.

Ҷашнвораи 12- уми байналмилалии “САМО” як чорабинии озмунӣ буда, ғолибон ҳайкали фестивалро мегиранд. Ҳайати ҳакамон, ки аз синамогарон ва мунаққидони ватанӣ ва хориҷӣ иборат аст, филмҳоро дар ду бахши миллӣ ва байналмилалӣ арзёбӣ кардаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

 

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.