Боздошти як ҷавони 19-сола дар ноҳияи Ғафуров. ВКД: “падарашро бо 7 зарби корд куштааст”

  Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти як ҷавони 19-солаи сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд хабар медиҳад, ки дар қатли падари худаш гумонбар дониста мешавад. ВКД далели ин ҳодисаро "муноқиша" унвон кардааст. Дафтари матбюуоти ВКД дар як хабарномаи кӯтоҳ гуфтааст, ки ин ҷавони 19-сола 29-уми ноябри соли 2021, дар хонаи истиқоматиашон бо падараш, марди 47-сола […]

Asia-Plus

 

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти як ҷавони 19-солаи сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд хабар медиҳад, ки дар қатли падари худаш гумонбар дониста мешавад. ВКД далели ин ҳодисаро "муноқиша" унвон кардааст.

Дафтари матбюуоти ВКД дар як хабарномаи кӯтоҳ гуфтааст, ки ин ҷавони 19-сола 29-уми ноябри соли 2021, дар хонаи истиқоматиашон бо падараш, марди 47-сола муноқиша намуда, бо корди хоҷагӣ 7-маротиба ба узвҳои ҳаётан муҳими баданаш задааст.

"Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Нисбати номбурда, парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шудааст",- омадааст дар ин хабарнома.

Аммо дар бораи далелҳои сар задани ин ҳодиса ва шеваи содир шудани он дар хабарномаи ВКД чизе гуфта намешавад. Ҳамчунин ВКД ҳувияти падару писарро ошкор накардааст.

Рӯзи гузаштаи ВКД аз кушта шудани як зани 43-сола дар ноҳияи Сангвор, воқеъ дар шарқи Тоҷикистон хабар дода буд, ки ба гумони ин ниҳод аз сӯйи духтурандараш ба қатл расонида шуда буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.