ЭКО ба ифтихори 80-солагии Лоиқ нишасти байналмилалии маҷозӣ баргузор мекунад

Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ (ЭКО) ба ифтихор 80-солагии Лоиқ Шералӣ шоири саршиноси тоҷик нишасти байналмилалии маҷозие бо номи “Хонаи дил” баргузор мекунад. Муассисаи фарҳангии созмон хабар додааст, ки ин нишаст дар ҳамдастӣ бо Сафорати Тоҷикистон дар Эрон баргузор мешавад. Ба навиштаи манбаъ қарор аст, ки дабири кулли Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ Хусрав Нозирӣ,  сафири Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ […]

Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ (ЭКО) ба ифтихор 80-солагии Лоиқ Шералӣ шоири саршиноси тоҷик нишасти байналмилалии маҷозие бо номи “Хонаи дил” баргузор мекунад. Муассисаи фарҳангии созмон хабар додааст, ки ин нишаст дар ҳамдастӣ бо Сафорати Тоҷикистон дар Эрон баргузор мешавад.

Ба навиштаи манбаъ қарор аст, ки дабири кулли Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ Хусрав Нозирӣ,  сафири Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ ва донишмандону пажуҳишгарони Афғонистону Эрон ва Тоҷикистон ширкат ва суханронӣ кунанд

Гуфта мешавад, ки нишаст 7 декабр соати 15: 30 ба вақти Душанбе баргузор гардида, дар он ба ба ҷуз Хусрав Нозирӣ ва Низомиддин Зоҳидӣ, ҳамчунин, раиси муассисаи фарҳангии ЭКО Сарвар Бахтӣ, раиси Фарҳангистони забону адаби форсӣ Ғуломалӣ Ҳаддоди Одил, сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон Муҳаммадтақӣ Собирӣ, устоди Донишгоҳи Фирдавсии Машҳад, Муҳаммадҷаъфари Ёҳақӣ, узви пайвастаи Фарҳангистони забону адаби форсии Эрон доктор Сарвари Мавлоӣ (аз Афғонистон), мутарҷими ашъори Устод Лоиқ ба забони узбекӣ Одил Икромӣ ва донишманди тоҷик Абдухолиқи Набавӣ пиромуни шахсияти фарҳангӣ ва осори устод Лоиқ ба баҳсу гуфтугӯ хоҳанд пардохт.

Муассисаи ЭКО алоқамандони осори Лоиқро барои ҳузур дар ин нишаст ба нишонии https://webinar.ecieco.org/ch/loiq даъват мекунад.

Дар ин нишаст ҳамчунин сурудҳо бар ашъори Лоиқ, шеърхониҳои ӯ ва аксҳои ин гӯяндаи замонҳо рӯнамоӣ ва муаррифӣ мешаванд.

Ҳамчунин, сафорати Тоҷикистон дар Эрон тасмим дорад бо ҳамкории Муассисаи фарҳангии ЭКО ба муносибати 80-солагии Шоири халқии Тоҷикистон гулчини ашъори ӯро бо хатти форсӣ дар моҳҳои наздик чоп кунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.