Иштироки 16 ҷудокори тоҷик дар Чемпионати Осиё

Ҷудокорони тоҷик дар мусобиқаи Чемпионати Осиё/Уқёнус миёни наврасон ва ҷавонон, ки рӯзҳои 2-5 декабр дар шаҳри Бейрути Лубнон баргузор мешавад, иштирок мекунанд. Бино ба иттилои Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, Тоҷикистонро дар мусобиқаи байни наврасон 7 нафар (6 писар, як духтар) ва дар мусобиқа байни ҷавонон 9 нафар писар намояндагӣ мекунанд. Ба дастаи наврасони Тоҷикистон 7 […]

Ҷудокорони тоҷик дар мусобиқаи Чемпионати Осиё/Уқёнус миёни наврасон ва ҷавонон, ки рӯзҳои 2-5 декабр дар шаҳри Бейрути Лубнон баргузор мешавад, иштирок мекунанд.

Бино ба иттилои Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, Тоҷикистонро дар мусобиқаи байни наврасон 7 нафар (6 писар, як духтар) ва дар мусобиқа байни ҷавонон 9 нафар писар намояндагӣ мекунанд.

Ба дастаи наврасони Тоҷикистон 7 нафар варзишгар – Ҷасур Лутфишоев (52 кг), Сируш Эркаев (66 кг), Муҳаммад Юсуфзода (73 кг), Суннатулло Мусоев (90 кг), Сомонӣ Кишваров (+90 кг), Парвиз Абдураҳмонов (+90 кг) ва Меҳрона Маҳмадзода (60 кг) шомиланд.

Ҳайати дастаи ҷавонони ҷумҳурӣ аз 9 нафар – Хурсанд Куганов (66 кг), Абӯбакр Шеров (66 кг), Муҳаммадиқбол Тошев (73 кг), Масуди Аҳмадзод (73 кг), Муҳаммадҷон Абдуҷалилов (81 кг), Шодмон Ризоев (81 кг), Раҳматулло Мирзоев (100 кг), Мансур Раҳмон (100 кг), Давлатҷон Назриев (+100кг) иборат аст.

Мусобиқаҳо байни наврасон рӯзҳои 2-3 декабр ва байни ҷавонон рӯзҳои 4-5 декабр баргузор мешаванд.

Ба иттилои Федератсияи байналмилалии ҷудо дар чемпионат миёни наврасон 137 варзишгар (83 писар, 54 духтар) ва дар чемпионат миёни ҷавонон 127 варзишгар (84 писар, 43 духтар) аз 17 давлати қора ширкат меварзанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.