Идораи роҳи оҳан: “Тоҷикистон ба азсаргирии равуои қаторҳо бо Русия омода аст”

“Тоҷикистон худи ҳозир омода аст, ки равуои қатораҳоро бо Русия бо риояи тамоми талаботи беҳдоштӣ барқарор созад”, – хабар дод ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” Анвар Латифзода. Лекин, ба қавли ӯ, ҳоло дар бораи барқарор шудани хатсайрҳои мусофирбар тариқи роҳи оҳан сухан намеравад. “Умедворем, ки ояндаи наздик он барқарор мешавад. Бо боз […]

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

“Тоҷикистон худи ҳозир омода аст, ки равуои қатораҳоро бо Русия бо риояи тамоми талаботи беҳдоштӣ барқарор созад”, – хабар дод ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” Анвар Латифзода.

Лекин, ба қавли ӯ, ҳоло дар бораи барқарор шудани хатсайрҳои мусофирбар тариқи роҳи оҳан сухан намеравад.

“Умедворем, ки ояндаи наздик он барқарор мешавад. Бо боз шудани сарҳадҳои заминӣ мо омодаем, ки хатсайрҳоро барқарор кунем”, – гуфт Латифзода.

Сухангӯи корхона зикр кард, ки баъди боздошта шудани хатсайрҳои мусфирбар тариқи роҳи оҳан бисёре аз кормандони корхона ба рухсатии бемузд фиристода шуданд.

“То боздошта шудани хатсайрҳо ба Русия дар КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” 1 ҳазору 400 роҳбаладон кор карда, баъди баста шудан қисмати зиёди онҳо ба рухсатии бемузд фиристода шуданд. Вазъият бо дигар коргарон низ чунин аст”, – мегӯяд вай.

Ба гуфтаи Латифзода, айни замон танҳо қатораҳои боркаш равуо мекунанд.

“Маҳдудият танҳо ба қатораҳои мусофирбар дахл дорад. Ҳозир аз Тоҷикистон бемалол ба Русия фиристодани мошин, маҳсулот ва дигар борҳо имконпазир мебошад”, – иброз дошт ӯ.

Зимнан зикр шуд, ки хатсайрҳои чартерӣ низ бо хатсайри Тоҷикистон-Русия пешбинӣ нашудааст. “Ҳоло чунин хатсайрҳо ба нақша гирифта нашудааст, чунки шаҳрвандон талабот надоранд”, – афзуд Латифзода.

Ёдрас мекунем, ки равуои қатораҳои мусофирбар байни Тоҷикистону Русия дар пасманзари пандемияи коронавирус аз 16 марти соли 2020 боздошта шуд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.