“Северный ветер” дар масири Екатеринбург-Бохтар-Екатеринбург парвозҳоро роҳандозӣ кард

Ширкати ҳавопаймоии “Северный ветер”-и Русия аз фурудгоҳи Колтсовои шаҳри Екатеринбург ба шаҳри Бохтар (собиқ Қӯрғонтеппа) парвозҳои мустақими доимӣ роҳандозӣ кард. Парвози аввал рӯзи 15 декабр ба нақша гирифта шудааст. Парвозҳо рӯзи чоршанбеи ҳафта бо ҳавопаймои Boeing 737-800, ки ғунҷоишаш 189 нафар мусофир аст, анҷом дода мешаванд. Вақти парвоз 3 соату 25 дақиқа аст, хабар медиҳад […]

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Ширкати ҳавопаймоии “Северный ветер”-и Русия аз фурудгоҳи Колтсовои шаҳри Екатеринбург ба шаҳри Бохтар (собиқ Қӯрғонтеппа) парвозҳои мустақими доимӣ роҳандозӣ кард. Парвози аввал рӯзи 15 декабр ба нақша гирифта шудааст.

Парвозҳо рӯзи чоршанбеи ҳафта бо ҳавопаймои Boeing 737-800, ки ғунҷоишаш 189 нафар мусофир аст, анҷом дода мешаванд. Вақти парвоз 3 соату 25 дақиқа аст, хабар медиҳад дафтари матбуоти фурудгоҳи Колтсово.

Қаблан парвозҳо аз Екатеринбург ба Қӯрғонтеппа (Бохтар) соли 2014 аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии East Air иҷро карда мешуданд.

Дар сомонаи ширкат арзиши билет аз Екатеринбург то Бохтар зикр шудааст. Ба парвози аввал он 10 ҳазору 154 рубл (1 ҳазору 555 сомонӣ) ва ба самти бозгашт – 15 ҳазор рубл (2 ҳазору 298 сомонӣ) нарх доранд.

Нархи чиптаҳо ба хатсайрҳои минбаъда  аз 15 ҳазор рубл (2 ҳазору 298 сомонӣ) – Екатуринбург-Бохтар ва самти бозгашт аз 12 ҳазору 494 рубл (1 ҳазору 914 сомонӣ) оғоз мегардад.

Гуфта мешавад, имрӯз аз Колтсово боз бо се шаҳри Тоҷикистон – Хуҷанду Кӯлоб ва Душанбе хатсайри мустақими мусофирбари ҳавоӣ боз шудааст.

“Ҳамаи мусофирони ба Тоҷикистон воридшаванда бояд маълумотномаи ПСР бо натиҷаи манфии тест аз COVID-19 пешниҳод намоянд, ки на дертар аз 72 соат пеш аз убури сарҳад гирифта шуда бошад. Барои кӯдакони то сесола маълумотнома талаб намешавад”, – зикр мегардад дар хабар.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.