Коронавирус дар Тоҷикистон: 12 ҳолати сироятёбӣ дар 1 шабонарӯз

Давоми як шабонарӯз тибқи маълумоти Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ, шумори сироятёфтагон аз коронавирус дар Тоҷикистон 12 нафар зиёд шуда, 28 нафар аз бемории мазкур солим гардонида шуданд. Дар муддати чанд рӯзе, ки Вазорати тандурустӣ дар бораи ҳолатҳои нави гирифторшавӣ ба ин сироят хабар дод, шумори расмии сироятёфтагон аз COVID-19 аллакай аб 146 нафар расид. Гуфта мешавад, […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Давоми як шабонарӯз тибқи маълумоти Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ, шумори сироятёфтагон аз коронавирус дар Тоҷикистон 12 нафар зиёд шуда, 28 нафар аз бемории мазкур солим гардонида шуданд.

Дар муддати чанд рӯзе, ки Вазорати тандурустӣ дар бораи ҳолатҳои нави гирифторшавӣ ба ин сироят хабар дод, шумори расмии сироятёфтагон аз COVID-19 аллакай аб 146 нафар расид.

Гуфта мешавад, теъдоди умумии сироятёфтагон дар кишвар аз оғози пандемия ба 17 ҳазору 241 нафар расид.

Шумори умумии фавтидагон аз оғози пандемия 124 нафарро ташкил медиҳад. Теъдоди шифоёфтагон аз беморӣ то имрӯз 17 ҳазору 23  нафар ё худ 98,7%-ро ташкил медиҳад.

“Дар шароити паҳншавии босуръати бемории сироятии COVID-19 дар аксар кишварҳои сайёра дар асоси таҷрибаҳои илмӣ муайян карда шудааст, ки яке аз роҳҳои асосии пешгирӣ аз паҳншавии ин беморӣ- ин гузаронидани ваксинатсияи аҳолӣ мебошад”, – омадааст дар хабари Вазорати тандурустӣ.

Айни замон дар ҷумҳурӣ маъракаи ваксинзании аҳолии калонсоли кишвар бар зидди коронавирус идома дорад.

То санаи 20 январи соли равон беш аз 4 млн 355 ҳазору 582 нафар (75,6%) шаҳрвандони мамлакат ба ваксинатсия бар зидди бемории коронавируси нави COVID-19 фаро гирифта шуданд. Инчунин, вояи дуюми ваксинаро то санаи зикргардида дар ҳудуди мамлакат 3 млн 636 ҳазору 802 нафар (63,1%) шаҳрвандон гирифтаанд. Дар маҷмӯъ ваксингирии 5 млн 826 ҳазору 301 нафар зарур аст.

Дар Тоҷикистон барои эмкунии аҳолӣ аз сирояти коронавирус аз 5 навъи ваксинаҳо истифода мешавад: CoronaVac, AstraZeneca, Moderna, Pfizer ва Спутник V.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон аз тамоми шаҳрвандони мамлакат даъват кардааст, ки қоидаҳои беҳдоштию зиддиэпидемикӣ, аз ҷумла, пӯшидани ниқоби тиббӣ, зуд-зуд шустани дастон ва фосилаи байниҳамдигариро қатъиян риоя намоянд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.