Даргузашти журналисти тоҷик Баҳром Файзуллоев

Рӯзи 2-юми феврал Баҳром Файзуллоев, рӯзноманигори гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” дар вилояти Суғд аз олам даргузашт. Баҳром муддати зиёда аз як моҳ дар беморхонаи шаҳри Бӯстони вилоят бистарӣ ва ду бор ҷарроҳӣ шуд, лекин беморӣ ӯро аз олам рабуд. Баҳром Файзуллоев рӯзномагори соҳибтаҷриба ва коршиносу мушовир оид ба масоили сарҳадӣ, дӯсти содиқу ҳидоятгари ғамхор буд. Рӯзи […]

Asia-Plus

Рӯзи 2-юми феврал Баҳром Файзуллоев, рӯзноманигори гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” дар вилояти Суғд аз олам даргузашт.

Баҳром муддати зиёда аз як моҳ дар беморхонаи шаҳри Бӯстони вилоят бистарӣ ва ду бор ҷарроҳӣ шуд, лекин беморӣ ӯро аз олам рабуд.

Баҳром Файзуллоев рӯзномагори соҳибтаҷриба ва коршиносу мушовир оид ба масоили сарҳадӣ, дӯсти содиқу ҳидоятгари ғамхор буд.

Рӯзи 31-умиянвар ӯ ба синни 60-солагӣ расида буд.

Ҳайати кормандони гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» ва аҳли ҷомеаи рӯзноманигории Тоҷикистон ба наздикону пайвандони марҳум ҳамдардии амиқ изҳор дошта, ба онҳо аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил металабанд!

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.