Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳам барои муаллимонаш хона месозад

Раёасти Донишгоҳи давлатии Бохтар тасмим гирифтааст барои 200 омӯзгораш манзили зист созад. Дар ин бора Сайфиддин Давлатзода, ректори ин донишгоҳ, рӯзи 4 феврали соли 2022 зимни нишасти матбуотияш хабар дод. Ин тасмим раёсати донишгоҳи ба номи Носири Хусрав дар ҳолест, ки дар ҷомеа пас аз як изҳори назари вазири маорифи Тоҷикистон дар мавриди муҳоҷирати омӯзгорон, баҳси зиёде ба […]

Сайраҳмон Назриев, Asia-Plus

Раёасти Донишгоҳи давлатии Бохтар тасмим гирифтааст барои 200 омӯзгораш манзили зист созад. Дар ин бора Сайфиддин Давлатзода, ректори ин донишгоҳ, рӯзи 4 феврали соли 2022 зимни нишасти матбуотияш хабар дод.

Ин тасмим раёсати донишгоҳи ба номи Носири Хусрав дар ҳолест, ки дар ҷомеа пас аз як изҳори назари вазири маорифи Тоҷикистон дар мавриди муҳоҷирати омӯзгорон, баҳси зиёде ба по хестааст. Муҳаммадюсуф Имомзода Вазири маориф ва илми кишвар зимни нишасти матбуотии охираш ба ин мавзуъ дахл карда, ба рӯзноманигорон гуфтааст, ки ин раванди маъмулиаст ва аз он фоҷеъа насозед.

Аммо раёсати донишгоҳи Бохтар бунёди хона барои омӯзгоронро яке аз василаҳои пуштибонии иҷтимоии омӯзгорон медонад.

“Яке аз масъалаҳои асосии имрӯза ин дастгирии иҷтимоии омӯзгорону ҳайати професорон аст. Аз ин хотир Раёсати ДДБ ба номи Носири Хусрав тасмим гирифтааст барои ҳайати омӯзгорон ду бинои 9 ошёна дар маҷмуъ 200 хонаи истиқомати бисозад. Алакай замин барои сохтмон дар кӯчаи Дӯстии Халқҳои шаҳри Бохтар ҷудо шуд ва корҳои лоиҳакаши оғоз шуданд. Бо анҷом расидани ин сохтмон мо метавонем яке аз мушкилии асосии иҷтимоии омӯзгоронро ҳал кунем”- гуфт Сайфиддин Давлатзода.

Ду ҳафта қабл, масъулини Раёсати маорифи вилояти Хатлон, гуфта буданд, ки дар соли 2021 аз мактабҳои ин вилоят 2 ҳазору 67 нафар омӯзгор ба муҳоҷират рафтааанд, ки далели аслии муҳоҷиршавии онҳо вазъи иҷтимоияшон будааст..

Аммо ректори ДДБ, Сайфиддин Давлатзода ба ин масъала диди дигар дорад ва аз кор рафтани омӯзгоронро дард гуфт.

“Барои ман аз ДДБ рафтани омӯзгор ин дард аст. Омӯзгоре, ки таҷрибаи зиёд дорад, бояд ҳамчун гавҳараки чашм нигоҳ дошта шавад. Нигоҳ доштани омӯзгори пуртаҷриба ин вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як роҳбари муассисаи таълимиаст”,- илова кард ректор.

Сайфиддин Давлатзода ҳамчунин изҳор дошт, ки барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоии омӯзгорон Раёсати донишгоҳ тасмим гирифтааст ҳаҷми музди меҳнати кормандонро 10% боло барад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.