“Вазифаи ҷониам буд”: Далер Ҷумъа суханронии пурсарусадояш дар Хоруғро шарҳ дод

Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, Далер Ҷумъа суханронии ахираш дар Хоруғ, ки  лидерони ғайрирасмӣ дар ВМКБ-ро ба дахолат ба кори мақомот гунаҳкор ва дар доираи қонун ба ҷавобгарӣ кашдани онҳоро талаб карда буд, шарҳ дод ва гуфт ин кор ба чанд далел вазифаи ҷониаш буд. Ӯ рӯзи 31-уми январ, пас аз нишасти хабарии ниҳодаш, зимни […]

Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, Далер Ҷумъа суханронии ахираш дар Хоруғ, ки  лидерони ғайрирасмӣ дар ВМКБ-ро ба дахолат ба кори мақомот гунаҳкор ва дар доираи қонун ба ҷавобгарӣ кашдани онҳоро талаб карда буд, шарҳ дод ва гуфт ин кор ба чанд далел вазифаи ҷониаш буд.

Ӯ рӯзи 31-уми январ, пас аз нишасти хабарии ниҳодаш, зимни суҳбат бо “Азия – Плюс” гуфт, се омили аслӣ сабаб шудааст, ки рӯзи 10 январ дар назди мардум суханронӣ кунад: аъзои ҳукумат, зодаи ВМКБ ва сарпарасти ноҳияи Роштқалъа дар омодагиҳо барои ҷашни 30-солагии Истиқлоли далватӣ.

Далер Ҷумъа афзуд, ба ҷуз он ки дар вазорат вазифаҳои кории худро дорад, ҳамчун аъзои ҳукумати Тоҷикистон  дар бисёре аз масъалаҳо – масъалаҳои вобаста ба ВМКБ ё шаҳру навоҳии дигари кишвар масъулият дорад ва дар асоси он ба ин ё ин мавзуъҳо дахолат мекунанд.

– Вобаста ба ВМКБ инҷо чанд сабабҳое ҳаст. Ҳамчун аъзои ҳукумати Тоҷикистон, масъулияти мо буд, ки бевосита ба мардум расонем. Яъне дар ҳамин мавридҳо бисёр муҳим аст, ки ҳадафҳо, мақсадҳо ва нақшаҳои ҳукумати Тоҷикистонро дуруст расонем ва он мушклиҳое, ки ҷой доранд, бевосита онҳоро оммафаҳм карда, ба мардум расонидан даркор аст,- гуфт Далер Ҷумъа.

Номбурда гуфт яке аз сабабҳои дигар, ин ҳамчун сарпарасти ноҳияи Роштқалъа вобаста ба ҷашни 30-солагии истиқлолият буданаш аст.

– Бинобар ин тез-тез ҳамчун аъзои гурӯҳ аз рӯи реҷаи корӣ ба ин вилоят мерафтем. Сеюм, ман зодаи вилоят ҳастам ва аксарияти кору фаъолиятам дар онҷо буд ва бевосита бояд ба мардум мушкилиҳо ва нозукиҳоро мерасонидам. Бар асоси ин се омил ин бевосита вазифаи ҷонии ман буд,- шарҳ дод вазири энергетика ва об.

Ёдовар мешавем, вазири энергетикаи Тоҷикистон Далер Ҷумъа, рӯзи 10-уми январи соли 2022, дар ҷаласае дар Хоруғ Толиб Айёмбеков, Мунаввар Шанбиев, Хурсанд Мазоров ва Амриддин Аловатшоевро, ки қаблан ҳамчун раҳбарони ғайрирасмӣ номбар мешуданд,  барои халал расондан ба кори мақомот гунаҳкор кардааст. 

"Аз кормандони мақомоти давлатӣ талаб карда мешавад, ки ҷиддӣ машғул шаванд ва дар доираи қонун шахсони ҷинояткорро ба ҷавобгарӣ кашанд”,- гуфта буд ӯ.

Суханронии Далер Ҷумъа ба вокуниши тунди ҷомеа, махсусан зодагони ВМКБ дар шабааҳои иҷтимоӣ рӯ ба рӯ шуд. Онҳо мегуфтанд, ки вазири энергетика ҳеҷ салоҳияти дар ин мавзуъ суханронӣ карданро надорад ва чунин амалаш хилофи уҳдадаориҳои кориаш аст.

Дар ин ҷаласа Алишер Мирзонабот, раиси ВМКБ ҳам чанде аз раҳбарони, ба истилоҳ, ғайрирасмии минтақа, аз ҷумла Маҳмадбоқир Маҳмадбоқировро "сардори гурӯҳи созмонёфтаи ҷиноӣ" номида буд, ки ба гуфтаи ӯ монеи кори дурусти мақомот мешаванд.

Ёдрас мекунем, ки моҳи нобяри соли гузашта дар ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ сокини маҳаллӣ Гулбиддин Зиёбеков зимни боздошт кушта шуда, ин ба норозигӣ ва даст ба тазоҳурот задани аҳолӣ боис гардид.

Эътирозҳо бо иштироки ҳудуди 3 ҳазор нафар аз 25 то 28 ноябр ҷараён доштанд. Дар ин рӯзҳо ду сокини вилоят Тӯтишо Амиршоев ва Гулназар Муродбеков ба ҳалокат расида, боз чандин каси дигар захм гирифтанд.

Тибқи маълумоти расмии КДАМ, дар ҷараёни эътирозҳо 12 корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ осеб дидаанд.

Дар мавриди ин ки ин шабу рӯзҳо дар Хоруғ чӣ гузашту мегузарад, дар сужаи мо бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.