Нафақаи ятимони кулл дар Тоҷикистон зиёд шуд

Акнун нафақаи миёнаи онҳо 232 сомониву 90 дирамро ташкил медиҳад. Ятимоне, ки аз яке аз волидонашон маҳрум шудаанд, 151 сомониву 75 дирам мегиранд. Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи кишвар Дилмурод Давлатзода хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, дар Тоҷикистон ҳамагӣ 1 ҳазору 653 ятими кулл ба қайд гирифта шуда, […]

Акнун нафақаи миёнаи онҳо 232 сомониву 90 дирамро ташкил медиҳад. Ятимоне, ки аз яке аз волидонашон маҳрум шудаанд, 151 сомониву 75 дирам мегиранд. Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи кишвар Дилмурод Давлатзода хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, дар Тоҷикистон ҳамагӣ 1 ҳазору 653 ятими кулл ба қайд гирифта шуда, шумори ятимоне, ки яке аз волидонашонро аз даст додаанд, ба 79 ҳазору 453 нафар мерасад.

Қаблан вазири адлияи Тоҷикистон Музаффар Ашӯриён дар нишасти матбуотӣ изҳор намуд, ки ахиран ҳолатҳои азҳампошии оилаҳо дар Тоҷикистон афзудааст.

Ба гуфтаи вай, соли 2021 дар Тоҷикистон 13 ҳазору 741 оилаҳо аз ҳам ҷудо шуданд ва ин ҳам дар ҳолест, ки соли 2020 ин нишондиҳанда ба 10 ҳазору 536 ҳолат баробар буд.

Вазир зикр кард, ки дар натиҷаи бекор шудани ақди никоҳҳо 14 ҳазору 814 кӯдак дар тарбияи яке аз волидони худ боқӣ мондаанд.

Сабабҳои пошхӯрии оилаҳои тоҷикистониро ӯ ба номувофиқ будани хислатҳои ҳамсарон, дахолати шахси сеюм, омода набудани ҷавонон ба ҳаёти оилавӣ, безурётӣ, хиёнат ва муҳоҷирати корӣ марбут донист.

“Дар бисёр маврид талоқҳо аз он сабаб рух медиҳанд, ки ҷавонон ба ҳаёти оилавӣ омода нестанд. Инчунин ҳангоми издивоҷ бисёр ҷуфтҳо ҳамдигарро ба қадри кофӣ намешиносанд», – иброз дошт вазири адлияи ҷумҳурӣ.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.