Вазири адлия сабабҳои азҳампошии оилаҳоро шарҳ дод

Нигина Аслонова , Asia-Plus

Cоли 2021 дар Тоҷикистон шумори ҷудошавии оилаҳо 3 ҳазору 205 ҳолат зиёд шуд, хабар дод зимни нишасти матбуоти рӯзи 2 феврал вазири адлияи Тоҷикистон Музаффар Ашӯриён.

Ба гуфтаи ӯ, соли 2021 дар кишвар 13 ҳазору 741 оилаҳо аз ҳам ҷудо шуданд ва ин ҳам дар ҳолест, ки соли 2020 ин нишондиҳанда ба 10 ҳазору 536 ҳолат баробар буд.

Афзоиши шумори талоқҳоро ӯ ба он рабт дод, ки бархе аз ҷуфтҳо ба далели пандемияи коронавирус, ки дар соли 2020 оғоз шуд, натавонистанд бекор шудани никоҳи худро расман сабти ном кунанд. "Пандемия ҳам шояд ба омори талоқ низ таъсир расонида бошад”, –  гуфт ӯ.

Сабабҳои пошхӯрии оилаҳои тоҷикистониро ӯ ба номувофиқ будани хислатҳои ҳамсарон, дахолати шахси сеюм, омода набудани ҷавонон ба ҳаёти оилавӣ, безурётӣ, хиёнат ва муҳоҷирати корӣ марбут донист.

«Дар бисёр маврид талоқҳо аз он сабаб рух медиҳанд, ки ҷавонон ба ҳаёти оилавӣ омода нестанд. Инчунин ҳангоми издивоҷ бисёр ҷуфтҳо ҳамдигарро ба қадри кофӣ намешиносанд», – иброз дошт вазири адлияи ҷумҳурӣ.

Вазир зикр кард, ки дар натиҷаи бекор шудани ақди никоҳҳо 14 ҳазору 814 кӯдак дар тарбияи яке аз волидони худ боқӣ мондаанд.

Дар ҳамин ҳол, Музаффар Ашӯриён таъкид кард, ки нисбат ба соли 2020 дар соли 2021 дар кишвар 7 ҳазору 759 ҳолати ақди никоҳи бештар сабт шудааст.

“Теъдоди ақди никоҳ 74 ҳазору 863 ҳолатро ташкил дода, дар соли 2020 ин нишондиҳанда ба 67 ҳазору 104 ҳолат баробар буд”, – гуфт вазири адлия.

Зимнан зикр шуд, ки шумори сабти таваллуди кӯдакон дар кишвар коҳиш ёфтааст. Ба ин тариқ, соли гузашта таваллуди 218 ҳазору 206 тифли навзод сабт шудаааст (дар соли 2020 – 239 ҳазору 946 таваллуд).

Сабаби коҳиши ин нишондодро ӯ ба он вобаста медонад, ки аксари волидон барои сабти саривақтии фарзандони навзоди худ шитоб намекунанд.

“Барои ҳалли ин масъала сохторҳои дахлдори вазорат бо волидон корҳои фаҳмондадиҳӣ мебаранд”, – илова намуд вазир.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...