Агентии обёрӣ қарздор шуд: таърифаҳои об боло мераванд ё кумакпулӣ медиҳанд?

Директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди ҳукумати Тоҷикистон Холмурод Раҳмон зимни нишасти матбуотии имрӯза изҳор дошт, ки соли 2021 фермерон ба Агентӣ барои хидматгузорӣ 14,9 млн сомонӣ қарздор шудаанд. Қарзи умумии онҳо дар давоми тамоми солҳо ҳудуди 160 млн сомониро ташкил медиҳад. Дар натиҷа Агентӣ имрӯз қарзҳои зиёди кредиторӣ ва дебиторӣ дорад, аз ҷумла […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди ҳукумати Тоҷикистон Холмурод Раҳмон зимни нишасти матбуотии имрӯза изҳор дошт, ки соли 2021 фермерон ба Агентӣ барои хидматгузорӣ 14,9 млн сомонӣ қарздор шудаанд.

Қарзи умумии онҳо дар давоми тамоми солҳо ҳудуди 160 млн сомониро ташкил медиҳад. Дар натиҷа Агентӣ имрӯз қарзҳои зиёди кредиторӣ ва дебиторӣ дорад, аз ҷумла аз рӯи пардохти ҳамаи навъҳои андоз.

Ғайр аз ин, соли 2021 пойгоҳҳои обкашӣ 1 млрд 392 ҳазор кВт/соат неруи барқ истифода бурда, барои ин Агентӣ аз ширкати “Барқи тоҷик” 76 млн сомонӣ қарздор ва қарзи умумӣ ба 366 млн сомонӣ расидааст.

Дар ҷумҳурӣ айни замон 424 пойгоҳи обкашӣ ва 67 адад чоҳҳои амудӣ кор карда, барои интиқоли як метри мукааби об 0.262 кВт/соат неруи барқ истифода мекунанд.

Сабаби асосии қарзҳоро роҳбари Агентӣ чунин маънидод кард, ки таърифаҳои хидматрасонии таъминот бо об хеле паст буда, хароҷотро рӯйпӯш намекунанд.

Ба ақидаи ӯ, мебояд ё таърифаҳоро боло бурд, ки барои кишоварзон қобили қабул нест, ё аз ҷониби давлат мусоилати молӣ намуд, ки мувофиқи мақсад аст.

Айни замон Агентӣ бар асоси шартномаҳо ба зиёда аз 60 ҳазор субъектҳои истифодабарандагони об дар майдони беш аз 54 ҳазор гектар заминҳои обӣ хидматрасонӣ анҷом медиҳад.

Ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об, ки шуморашон дар саросари ҷумҳурӣ 347 ададро ташкил медиҳад, ба зиёда аз 77 ҳазор субъектҳои истифодабарандагони об дар майдони 423 гектар заминҳои обӣ хидматрасонӣ мекунанд.

Тибқи маълумоти Агентӣ, низоми гуногун (дифференсиалӣ)-и пардохт барои таъмини об вуҷуд дорад – барои ҳар як зироат вобаста ба истеъмоли ҳаҷми об таърифаҳои мувофиқ муқаррар карда мешаванд.

Баланд бардоштани масъулияти ташкилотҳои хоҷагии об барои дар ҳаҷм ва муҳлатҳои муқарраршуда бо об таъмин намудани истифодабарандагони об, бо таҷҳизоти мукаммали баҳисобгирии об ва назорати ҷараёни оби додашуда таъмин намудани системаҳои обёрӣ ҳамчунон масъалаи муҳим боқӣ мемонад.

Аз ҷониби дигар, аксарияти хоҷагиҳо пули хидматрасонии идораҳои Агентиро дода наметавонанд, зеро пули об қисми зиёди арзиши аслии маҳсулотро онҳоро ташкил медиҳад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.