Дар Тоҷикистон шумори занони гирифтори ВНМО ва нашъаманд кам шуд

Шумори ҳолатҳои нави сироятёбӣ аз Вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) нисбат ба соли 2020 93 ҳолат кам шуд, хабар дод зимни нишасти матбуоти рӯзи 14 феврал сардори шуъбаи иттилоотии Кумитаи кор ба занон ва оилаи назди ҳукумати ҷумҳурӣ Сабоҳати Рустам. Бино ба гуфтаи мутахассиси Кумита, ба ин тариқ, вазъият дар ин самт дар кишвар каме […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Шумори ҳолатҳои нави сироятёбӣ аз Вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) нисбат ба соли 2020 93 ҳолат кам шуд, хабар дод зимни нишасти матбуоти рӯзи 14 феврал сардори шуъбаи иттилоотии Кумитаи кор ба занон ва оилаи назди ҳукумати ҷумҳурӣ Сабоҳати Рустам.

Бино ба гуфтаи мутахассиси Кумита, ба ин тариқ, вазъият дар ин самт дар кишвар каме рӯ ба беҳбудӣ овардааст.

Дар саросари ҷумҳурӣ ба сурати умум 922 шаҳрвандони сироятшуда аз ВНМО ба қайд гирифта шудаанд, ки 344 нафарашон занон мебошанд.

Ҳамчунин Сабоҳати Рустам хабар дод, ки дар соли 2021 теъдоди занони гирифтори нашъамандӣ дар кишвар 107 нафарро ташкил додааст, ки нисбат ба соли пешин (соли 2020) 3 нафар камтар аст.

Сабоҳати Рустам иброз дошт, ки дар Тоҷикистон асосан духтарони ҷавон ба нашъамандӣ гирифтор мешаванд.

Зимнан зикр шуд, ки давоми як сол дар саросари кишвар дар маҷмӯъ 4 ҳазору 749 нафар нашъамандон ба қайд гирифта шудаанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.