Дар Панҷшер бар асари озору азияти “Толибон” рӯзона даҳҳо хонавода ин вилоятро тарк мекунанд

Расонаҳои Афғонистон хабар медиҳанд, ки дар вилояти Панҷшер садҳои хонавода бар асари озору азияти неруҳи ҳукумати сарпарасти "Толибон" маҷбур шудаанд, ки хонаҳои худро вогузор кардаву ин вилоятро тарк кунанд. Шуморе аз сокинони вилояти Панҷшер иддао кардаанд, ки ба далели азиятиу озори неруҳои ҳукумати маҳаллӣ, ҳамарӯза даҳҳо хонавода ин вилоятро тарк мекунанд. Ба гуфтаи онон, пас аз […]

Иршод Сулаймонӣ, Asia-Plus

Расонаҳои Афғонистон хабар медиҳанд, ки дар вилояти Панҷшер садҳои хонавода бар асари озору азияти неруҳи ҳукумати сарпарасти "Толибон" маҷбур шудаанд, ки хонаҳои худро вогузор кардаву ин вилоятро тарк кунанд.

Шуморе аз сокинони вилояти Панҷшер иддао кардаанд, ки ба далели азиятиу озори неруҳои ҳукумати маҳаллӣ, ҳамарӯза даҳҳо хонавода ин вилоятро тарк мекунанд. Ба гуфтаи онон, пас аз он ки неруҳои низомӣ дар бархе минтақаҳои Панҷшер мавриди инфиҷор ва ё ҳамалаҳои мусаллаҳона (аз сӯй неруҳои мухолифи толибон) қарор мегиранд, ин неруҳо даст ба кофтукови хона ба хона ва ҳатто латукӯбу зиндонӣ кардани бошандагони ҳамон маҳал мезананд.

Аммо мақомҳои маҳаллии вилояти Панҷшер ин иддаоҳоро «овоза» номидаанд.

Рӯзномаи "8 субҳ"-и чопи Кобул дар як гузориши вижа ба ин мавзуъ пардохтаас. Ба гузориши ин рӯзнома, Қандоғо (номи мустаор) яке аз бошандагони вулусволи (ноҳия)-и Рухаи вилояти Панҷшер гуфтааст, ки қасди кӯчкашӣ аз ин вилоят ба пойтахтро дорад.

Қандоғо дар суҳбат бо рӯзнома гуфтааст, бо он ки вазъияти иқтисодии хубе надорад, аммо ногузир аст аз Панҷшер кӯч кунад. Қандоғо афзудааст, ҳар боре, ки неруҳои ҳукумати сарпараст дар Панҷшер мавриди ҳамалаҳои мусаллаҳона ва ё инфиҷори минаҳо қарор мегиранд, сокинони бегуноҳи ин вилоят мавриди азият ва озори ин неруҳо қарор мегиранд.

Ӯ ҳамчунин гуфтааст, ки ҳукумати маҳаллии Панҷшер дар дарвозаҳои ин вилоят низ сабаб азият ва озори мардум мешавад.

Қандоғо гуфтааст: «ҳар инфиҷор ва ё ҳамалаҳои мусаллаҳона, ки дар минтақаи мо рух медиҳад, неруҳои ҳукумати маҳаллии ин вилоят даст ба озору азият, латукӯб ва ҳатто зиндонӣ кардани бошандагони бегуноҳи маҳаллӣ мезананд. Мо дигар ин вазъиятро таҳаммул карда наметавонем ва ба ҳамин далел кӯч мекунем. Танҳо аз қарияи мо, ки дорои 40 хона буд, 26 хонавода кӯч кардаанд. Хонаводҳҳое, ки ҳатто кӯчи худро аз ин вилоят интиқол медиҳанд, дар исти бозрасии роҳи «Танг»-и вилояти Панҷшер мавриди бозпурсии неруҳои ҳукумати маҳаллӣ қарор мегиранд ва ба баҳонаҳои мухталиф азияту озор мешаванд».

Ба гуфтаи бошандагони вилояти Панҷшер, бештар хонаводаҳҳое, ки дар ҳоли кӯчкашӣ ҳастанд, сокинони марказ ва вулусволиҳои Руха, Аноба ва Шутули ин вилоятанд.

 Дар ҳамин ҳол, шуморе аз фаъолони ҷомеаи мадании вилояти Панҷшер бо иброз нигаронӣ аз раванди кӯчидани бошандагони ин вилоятгуфтаанд, ки идомаи ин раванди болои рӯҳу равони бошандагони ин вилоят таъсири манфӣ гузоштааст.

Халил Сабур, фаъоли маданӣ дар Панҷшер, дар суҳбат бо рӯзномаи “8 субҳ” гуфтааст, ки рӯзона даҳҳо бошандаи ин вилоят аз минтақаҳояшон беҷо мешаванд.

Сабур аз ҳукумати маҳаллии вилояти Панҷшер хостааст то ҷилави афродеро, ки сабаби озору азияти бошандагони ин вилоят мешаванд, ҳарчи зудтар бигиранд.

Ӯ гуфтасст: «Мо воқеан дар ин рӯзҳо шоҳиди кӯчкашии даҳҳо хонавода аз бахшҳои мухталифи вилояти Панҷшер ҳастем. Далели он ҳам озору азияти бошандагони маҳаллӣ аз сӯйи неруҳои ҳукумати кунунӣ аст. Ин раванд болои рӯҳу равони сокинон, ба вежа занону кӯдакон таъсир манфӣ гузоштааст. Хости мо аз неруҳои ҳукумати маҳаллии ин вилоят ин аст, ки даст аз мардумозорӣ бардоранд, то ҳадди аққал мардум эҳсоси оромиш бикунанд».

Дар ҳамин ҳол, мақомҳои маҳаллии вилояти Панҷшер ин иддаоҳоро «овоза» хондаанд.

Абубакри Саддиқ, сухангӯи волии Панҷшер, дар суҳбат бо рӯзномаи “8 субҳ” гуфтааст, ки имкон дорад як теъдоди «андак»-и хонаводаҳо ба далелҳои мухталиф аз манотиқашон кӯчкашӣ кунанд, аммо иддаои холӣ шудани бештари рустоҳо беасос аст.

Бояд гуфт, ки дар рӯзҳои нахусти пас аз суқути низоми ҷумҳурият дар Афғонистон, низ гузоришҳое аз кӯчи маҷбурии бошандагони вилояти Панҷшер ба нашр расида буд. Дар он замон иддао шуда буд, ки ҳазорон бошандаи вилояти Панҷшер дар натиҷаи набардҳои чанд моҳ пеш миёни неруҳои ҳукумати сарпарасти Толибон бо Ҷабҳаи муқовамати миллӣ аз манотиқшон беҷо шудаанд.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.